Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
мансубанд. Конҳои Округи автономии Ханти-Мансийский - Салим, Салими Ғарбӣ, Тайлак, Округи автономии Ненетс - Харягинский аз ҷумлаи конҳои миёна мебошанд. Конҳои хурд дар Сахалин, вилоятҳои Свердловск, Астрахан, Саратов ва Тотористон, Ҷумҳурии Коми ва дар Округи автономии Ненетс ҷойгиранд. Чунин ба назар мерасад, ки дар ҷумҳуриҳои нафтистеҳсолкунандаи анъанавӣ - дар Бошқирдистон, истихроҷ 18 млн. т, Коми - 11 млн. т, дар Чеченистон пеш аз амалиётҳои ҷангӣ - ҳамагӣ 2,3 млн. т захираҳои нафт тамом шуда истодаанд.
Аз конҳои бузург кони Приобск (Округи автономии Ханти-Мансийск) бо захираи 27 млрд. тонна ва кони ояндадор Юртинскро дар Эвенкия метавон номбар кард, тавре тахмин мекунанд, ин кон ба қатори даҳ кони бузурги дунё дохил мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди Федерацияи Россия дар тӯли зиёда аз 30 соли охири асри ХХ зиёда аз 70000 захираҳои начандон калони нафт ёфт шуда, чоҳҳои онҳо бинобар фоиданокии паст баста шудаанд.
Ҳукумати Федерацияи Россия барои истифодаи пурсамари онҳо панҷсолаҳои охир ба сохтмони терминалиҳои иловагӣ ва нав (Уст-Луги ва Новороссийск) шурӯъ намуд. Нафти хом аз конҳои начандон калон дар ин терминалҳо захира карда шуда, бо қубурҳои махсус ба хориҷ ва ё ба корхонаҳои коркарди нафт интиқол дода мешавад.
Нафти хом барои Федерацияи Россия солҳои аввали соҳибистиқлолӣ манбаи асосии даромади буҷети давлат ба шумор меравад. Аз 303 млн. т нафти дар соли 1999 истеҳсолшуда 115 млн. тоннааш ба давлатҳои хориҷӣ, 19 млн. тонна ба давлатҳои ИДМ содир карда шудааст.
Дар Федерацияи Россия ҳар сол тахминан 160-170 млн. тонна нафти хом коркард мешавад, ки ба ҳар сари аҳолии Федерацияи Россия ҳамагӣ 1 тоннаро ташкил медиҳад (дар ШМА 3 тонна).
Гази табиӣ. Ҳаҷми захираҳои бузурги гази табиии Федерацияи Россияро мутахассисон ва олимони шинохтаи ин соҳа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор