Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Албатта, барои давлате, ки аз ҷиҳати захираҳои кашфшудаи тилло дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол мекунад, ин миқдори захираи тилло хеле ночиз аст.
Ин масъала дар натиҷаи сиёсати дурусти пешгирифтаи Бонки марказии Федератсияи Россия соли 1996 ҳал карда шуд. Захираи тиллою асъори хориҷӣ 13 млрд. долларро ташкил намуд.
Дар ҷадвали №37 рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи захираи тилло дар соли 2000 нишон дода шудааст. Мувофиқи ин ҷадвал захираи тиллои Федератсияи Россия дар соли 2000 12,5 млн. унсияи тройро ташкил мекунад, ки бо ин миқдор тилло дар ҷойи 12 меистад.
То 1 январи соли 2001 бошад, захираи тиллою асъори Федератсияи Россия 31 млрд. доллари амрикоиро ташкил намуд. Таъмини чунин ҷаҳиши захираи тиллою асъори Россияро ҳатто экспертҳои таҷрибаноки Фонди асъори байналмилалӣ пешбинӣ карда натавониста буданд.
31 марти соли 2001 Вазири молияи Федератсияи Россия изҳорот дод, ки таъмини маблағи лозимаи захираи давлатии тиллою асъори Федератсияи Россия дигар ба қарзҳои ХБА эҳтиёҷот надорад. Чунин иқдом гувоҳи он аст, ки Федератсияи Россия ба давраи нави таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакати худ, ки асоси он такя ба бойгарии ватани худ мебошад, ворид шуда истодааст.
Боитарини кони тиллои Федератсияи Россия кони Майское воқеъ дар вилояти Магадан ба шумор меравад. Захираи тиллои ин кон 277 тонна буда, аз як тонна маъдани ин кон 11,1 грамм тилло ҳосил карда мешавад.
Аз конҳои амалкунанда захираи кони тиллои "Сухой Лог" 1046 тонна муайян карда шудааст. Дар таркиби 1 тонна маъдани тиллои ин кон ба ҳисоби миёна 2,56 г тиллои холис мавҷуд аст.
Дар ҳудуди Федератсияи Россия дар баробари конҳои номбаршуда истеҳсоли тилло дар конҳои Нежданинск (Якутия), Олимпиадинск (кишвари Красноярск), Кубакинск (вилояти Магадан) ва дигар вилояту кишварҳои Федератсияи Россия якчанд даҳсолаҳо давом дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор