Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои тамоми намудҳои ашёи хом, нафт ва қувваи барқ ду нарх вуҷуд дошт (нарх барои истифода дар дохили мамлакат ва нархи ҷаҳонӣ барои содирот ба давлатҳои дигар). Аммо дар Федератсияи Россия баробари гузариш ба сиёсати нави иқтисоди бозорӣ ва хусусигардонӣ якбора дар дохили мамлакат низ ба истифодаи нархҳои ҷаҳонӣ шурӯъ намуд. Чунин амал боиси афзудани хароҷоти истеҳсолӣ дар дохили мамлакат ва дар бозори ҷаҳонӣ қобили рақобат набудани молҳои истеҳсоли Федератсияи Россия гардид. Соли 1996 хароҷоти истеҳсолии корхонаҳои Федератсияи Россия аз хароҷоти истеҳсолии Япония 2,8 маротиба, ШМА 2,7 маротиба, Франция, Германия, Италия - 2,3 маротиба ва Англия ду маротиба зиёд буд.

Бо чунин арзиши баланди ашёи хом, сӯзишворӣ ва қувваи барқ, қобилияти рақобатнокии маҳсулоти саноатии Россияро танҳо бо роҳи дар сатҳи паст нигоҳ доштани музди меҳнат таъмин намудан, мумкин аст.

Дар баробари ин бояд қайд кард, ки ҳиссаи саноати коркарди маҳсулот сол аз сол афзуда 82,8% ва саноати истихроҷи маъдан 17,2%-ро ташкил медод.

Аммо баъд аз соли 1997 оҳиста-оҳиста ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ самти худро дигар кардан гирифт. Бо вуҷуди камшавии ҳаҷми истеҳсолот Федератсияи Россия дар миқёси ҷаҳон дар истеҳсоли номгӯи зиёди молу маҳсулот ҷойҳои намоёнро ишғол менамуд. Масалан, Федератсияи Россия аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли гази табиӣ ҷои аввал, истеҳсоли алмос, ангиштсанги бӯр, истеҳсоли алюминий, тиллои сафед (платина) ҷои дуюм, истеҳсоли нафт, маҳсулоти чӯбу тахта ҷои сеюм, истеҳсоли пӯлод ва маҳсулоти он, истеҳсоли тилло ҷои чорумро ишғол менамояд. Дар баробари ин Федератсияи Россия дар ҷаҳон яке аз истеҳсолкунандаи асосии қувваи барқ, никел, палладий, фулузоти гурӯҳи платина, нуриҳои минералӣ, чӯби корӣ, номгӯи алоҳидаи маҳсулоти мошинсозӣ ба шумор меравад.

Ба Федератсияи Россия аз Иттиҳоди Шӯравӣ калонтарин дар ҷаҳон комплекси сӯзишворию энергетикӣ мерос монда буд. Нисбат

пешина
аз 785
навбатӣ