Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бошад, дар ҳаҷми умумии содироти яроқ ва техникаи ҳарбӣ маблағ аз фурӯши ҳавопаймоҳои ҳарбӣ 50%, ракетаю аслиҳа 10%, киштиҳои ҳарбӣ 14%, системаҳои артиллерия 2%, чархболҳо 11%, системаи алоқа ва кашф 2%, техникаи зиреҳпӯш 11%-ро ташкил менамояд.

Бинобар соли 1991 дар Россия гузаронидани конверсия ҳиссаи
содироти яроқи Россия дар ҳаҷми умумии содироти ҷаҳонӣ дар соли
1994 - 4%-ро ташкил дод (соли 1991 18% буд). Ин иқдомро ШМА низ
дастгирӣ намуда, дар тӯли 5 сол ҳаҷми содироти ярокро аз 56%-и
соли 1991 то ба 43% дар соли 1996 паст фароварданд. Аммо дере
нагузашта, бо зиёд шудани талаботи давлатҳои ҷаҳон ба яроқ
Федерасияи Россия ҳаҷми содироти ярокро якбора то 65% зиёд
намуда, ҳаҷми умумии онро дар соли 1996 то ба 17% ҳаҷми содироти
ҷаҳонӣ расонд. Имрӯзҳо Федерасияи Россия дар тамоми бозорҳои
фурӯши аслиҳаи дунё бо яроқ ва таҷҳизоти ҳозиразамони худ
иштирок намуда, сол аз сол ҳаҷми содироти аслиҳаи худро зиёд
намуда истодааст. Агар солҳои 1950-1980 дар миқёси ҷаҳон
харидорони асосии яроқ ва техникаи ҳарбӣ давлатҳои сотсиалистӣ
ва давлатҳои рӯ ба инкишоф ба шумор раванд, пас аз солҳои 1990 сар
карда, бо сабабҳои тезу тунд шудани вазъи минтақаҳои алоҳида
аслиҳаи Россияро бештар Туркия, Миср, Арабистони Саудӣ, Япония,
Юнон, Ҳиндустон, Хитой, Исроил, Тайван, Германия, Кореяи
Ҷанубӣ, Кувайт, Таиланд, Покистон, Канада, Индонезия, Эрон
харидорӣ мекунанд. Имрӯзҳо Федерацияи Россия дар бозори ҷаҳонӣ
ҳавопаймоҳои ҳозиразамони қиркунанда, ҳуҷумкунандаи МИГ-29,
СУ-27, СУ-25, киштиҳои зериобии класси "Кило", киштиҳои рӯи
болишти ҳавоӣ, киштиҳои ракетадор, чархболҳои К-50, МИ-24ВМ,
МИ-28, танкҳои Т-72, Т-80 ва Т-90, мошинҳои ҳарбии қӯшунҳои
пиёдагарди БМП-3, системаҳои бисёроташаи "Смерч", "Ураган",
системаҳои артиллерии "Мста-С" ва "Нона", комплексҳои зениту
ракетии С-300В ва С-300, ПМУ-1, Бук-1, Тор-Игла, комплекси
ҳуҷумкунандаи тактикии "Точка"-ро пешниҳод намуда, тамоми
давлатҳои дунёро бо яроқҳои баландсифат ва дақиқи бехатозананда
дар ҳайрат овардааст. Россия бо силоҳҳои вазнин, яроқҳои
оташфишони таъиноти махсус, асбобҳои ҳимояи шахсони алоҳида,

пешина
аз 785
навбатӣ