Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
БОБИ III. ТАСНИФОТИ ДАВЛАТҲОИ ҶАҲОН
Бо қудрат гирифтани ҷамъияти ғуломдорӣ ва пайдоиши империяи бузург вобаста ба шарту шароити гуногун, зарурати истифодаи усули ба гурӯҳҳо тақсим намудани давлатҳои ҷаҳон ба миён омад. Он солҳо давлатҳои ҷаҳонро вобаста бо қудрату тавоноӣ, масоҳат, нажод, забон, сарватҳои захирашуда, шумораи аҳолӣ, шумораи ғуломон ба давлатҳои андозситонанда ва андоздиҳанда гурӯҳбандӣ мекарданд. Аммо акнун ба мо маълум аст, ки чунин таснифоти ҷамъияти ғуломдорӣ умуман барои муайян намудани сатҳи зиндагии аҳолии ин давлатҳо истифода намегардад. Мақсад аз чунин омӯзиш ва таснифоти давлатҳо, пеш аз ҳама, ба муайян намудани қудрати ҳарбии давлатҳо, вобаста ба он омода намудани қувваи дохилии худ, ҳимояи ҳудуд ва салтанати империяҳо равона карда шуда буд.
§ 3.1. Таснифоти давлатҳои ҷаҳон аз рӯи шумораи аҳолӣ
Аз нимаи аввали давраи ташаккулёбии ҷамъияти капиталистӣ ва авҷгирии тақсимоти байналхалқии меҳнат, ки он ба шумораи начандон зиёди давлатҳои нисбатан пешрафтаи ҷаҳон шароити ба ивази молҳои худ ва баъдан бо роҳи забт намудани ҳудуди давлатҳои дигари қитъаи ҷаҳон ва истисмори бераҳмонаи онҳо захира намудани сарватҳои зиёдеро муҳайё намуда буд, ба авҷгирии протсесси нобаробарии иқтисодиёти ҷаҳон замина гузошта шуд. Аз ин лиҳоз, дар ин давра ба назар гирифтани шумораи аҳолии давлатҳои қитъаҳои ҷаҳон ба мадди аввал баромада буд. Бо пешрафти илм имрӯзҳо таҳлили иқтисодии нишондиҳандаҳои гуногуни давлатҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, ба шумораи аҳолӣ вобаста карда мешавад. Дар натиҷаи истифодаи усули қатори ранҷирӣ, ки гурӯҳбандии давлатҳо бо усули аз боло ба поён, ё ин ки аз шумораи зиёд ба кам тартиб дода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё