Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муштарак ба инкишофи соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти маҳаллӣ, аз ҷумла, бофандагӣ, дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ, соҳаи электронӣ мусоидат намуд.

Умуман таҷрибаи бое, ки Хитой дар ду даҳсолаи охири асри ХХ дар бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, корхонаҳои муштарак, ҷалби сармояи хориҷӣ ва барқарор кардани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо давлатҳои ҷаҳон ба даст овардааст, барои ҳар як давлате, ки ислоҳоти иқтисодӣ гузарониданӣ аст, дарси бузурги ҳаётӣ шуда метавонад.

§14.4. Робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати бузурги Ҳитой

Робитаҳои иқтисодии мардуми ду давлати ҳамсоя Тоҷикистон ва Ҳитой таърихи хеле қадима доранд.

Аз асрҳои VI-V пеш аз мелод аҷдодони мо бинобар маҳали мусоиди ҷойгиршавиашон пайвандгари кишварҳои Машриқзамин, аз ҷумла Ҳиндустону Хитой ва қабилаҳои минтақаи назди Волга, Қазоқистон, Сибир ва Европаи Шарқӣ буданд. Корвонҳои пур аз мол аз қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ гузашта, то соҳилҳои Уқёнуси Ором мерасиданд. Рафту омади тоҷирони форсизабони давлати Ҳахоманишиҳо (солҳои 522-486 пеш аз мелод), ки дар он давра қаламрави Осиёи Марказиро дар бар мегирифт, бо аҳолии ҳудуди давлати ҳозираи Хитой хеле хуб ва аз ҷиҳати рафоқат самимию дӯстона ба роҳ монда шуда буд. Дар давраи ҳукмронии сулолаи Селевкиён (асрҳои III-II пеш аз мелод) давлати Юнону Бохтар, ки сарҳадоти он ҳатто шимоли Ҳиндустонро дар бар мегирифт, ба авҷи камолоти худ расид. Шоҳони Юнону Бохтар аз тилло, нуқра ва мис танга сикка мезаданд. Пойтахти ин давлати бузург - шаҳри Бохтар ва шаҳрҳои дигаре, ки дар самти роҳҳои корвон воқеъ буданд, бозорҳои пӯшидаи пур аз мол доштанд, ки онро аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон меоварданд. Таърихшиносон зикр кардаанд, ки бори аввал дар ин шаҳрҳо унсурҳои тиҷорати васеи байналхалқӣ сабт шудааст. Дар бозорҳо нақши бузургро тоҷирони Ҳитой ва тоҷикон мебозиданд. Матоъҳои нозуки абрешимӣ, зарфҳои аз тиллою нуқра, мис, чинӣ ва

пешина
аз 785
навбатӣ