Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар баробари комёбиҳои бадастомада, мо бояд ошкоро баён кунем, ки сатҳи муносибатҳои дуҷонибае, ки бо Ҷумҳурии Халқии Хитой то оғози соли 2001 доштем, ҳар ду ҷонибро қаноатбахш карда наметавонад.

Аммо бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 10 соли охир аз имкониятҳои бузурги давлати ҳамсоя Хитой ба дараҷаи кофӣ истифода бурда натавонист. Ғайр аз ворид кардани молҳои саноатӣ ва хӯроквории истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ва бунёди ду корхонаи муштарак Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби ҳарчи бештар маблағи сармоягузорони Хитой, бунёди корхонаҳои миёнаи истеҳсолӣ, харидани дастгоҳҳои ҳозиразамон барои бунёд ва таҷдиди корхонаҳои саноати сабук ва хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ нагардид.

Ҳаҷми муомилоти моли байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ маблағи калонро ташкил намекунад. Дар тӯли шаш соли охир бо вуҷуди шароити васеи манфиатнок ҳаҷми муомилоти савдои хориҷии байни ин ду давлат ҳамагӣ 1,7 баробар зиёд шуд.

Умуман, дар ҳаҷми муомилоти моли байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаҳишҳои беасос мушоҳида карда мешаванд. Агар соли 1995 ҳаҷми муомилоти моли байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 13,5 млн доллар, соли 1996 - 7,5 млн., соли 1997 - 15,3 млн., соли 1998 - 5,8 млн., соли 1999 - 5,1 млн. долларро ташкил дода бошад, пас соли 2000 ин нишондиҳанда боз рӯ ба афзоиш ниҳода 15,2 млн. долларро ташкил кард.

Мувофиқи иттилооти Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон бештар либос, пойафзол, асбобҳои барқӣ, маводи хӯрока, бозичаҳои бачагона ва дар солҳои охир масолеҳи сохтмонӣ ворид карда мешавад.

Хитойҳо бошанд, бештар ба пахта, линт, улюк, алюминий, партовҳои металлҳои сиёҳу ранга, пилла ва ғайра мароқ доранд.

пешина
аз 785
навбатӣ