Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳиндустон то имрӯз масъалаи забони ягонаи давлатии умумиҳидустонӣ ҳалли худро наёфтааст.
Ҳиндустон дорои иқлими мусоид (иқлими гарми тафсон, иқлими арктикӣ) буда, набототи фаровон ва ҳайвоноти гуногун дорад. Дар ин ҷо зиёда аз 45 ҳазор навъи растанӣ мавҷуд аст, ки он 7% набототи ҷаҳонро ташкил медиҳад. 6,5% ё 81 ҳазор намуд ҳайвоноти ҷаҳон дар ин кишвар маскун доранд. Ҳиндустон аз ҷиҳати ҳосили фаровони зиёди меваю сабзавот, маҳсулоти дигари кишоварзӣ, чорводорӣ хеле машҳур буда, дар парвариши пахта, шолӣ, найшакар, паррандапарварӣ ва чорводорӣ усулҳои хосаи худро дорад.
Сарзамини ин давлат аз сарватҳои табиӣ хеле бой буда, дорои захираҳои бузурги ангиштсанг, тилло, алмос, маъдани оҳан, боксит, конҳои бешумори маъдани марганец, мис, волфрам, руҳ, нафт мебошад.
Давлати сераҳолии Ҳиндустон бо шаҳрҳои қадимаи зебоманзари худ, Деҳли (10 млн.), Мумбай (Бомбай) (14 млн.), Ҳайдаробод (4 млн.), Нагпур, Бенгапур, Калкутта (15 млн.), ки бо иморатҳои афсонавӣ ва пурасрори худ дар дунё машҳуранд, ифтихор дорад.
Ҳиндустон яке аз давлатҳои калонтарини демократӣ ба шумор рафта, системаи парламентии идоракунӣ дорад. Интихоби президент дар 5 сол як маротиба дар асоси интихоботи умумии баробарҳуқуқ гузаронида мешавад. Президент - сарвари ягонаи давлат ба шумор меравад, ки он аз тарафи намояндагони ҳар ду палата ва маҷлиси қонунбарор интихоб карда мешавад. Президент ҳамзамон вазифаи сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи давлатро низ иҷро мекунад. Инчунин, ҳуқуқи тасдиқ ва бекор кардани қонун, таъин кардани сарвазири мамлакатро низ дорад ва бо пешниҳоди сарвазир, муовинон ва вазиронро низ таъин мекунад.
Ҳиндустон ба гурӯҳи давлатҳои аграрӣ-саноатӣ дохил шуда, мувофиқи конститусияи худ давлати федералӣ ба шумор меравад, ки дар он 26 штати баробарҳуқуқ ва 7 худудҳои муттаҳид мавҷуд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор