Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кишоварзии Тоҷикистон ва давлатҳои қитъаи Осиёи Марказӣ кӯмаки бузурге метавонад расонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пешрафти соҳаи киштисозӣ, моҳидорӣ ва ба истифодаи роҳҳои баҳрӣ эътибори хосае медиҳад. Бандарҳои бузурги бунёднамудаи Эронро бо номи "Бандар-Аббос" дар баҳри Миёназамин ва "Анзалӣ" дар баҳри Касрӣ дар тамоми гӯшаю канори дунё медонанд. Аз дараҷаи баланди ташкилии кор системаи бароҳмондашудаи борфарорӣ ҷобаҷокунии контейнерҳо таъмини амнияти бор, системаи марказонидашудаи назорат ва пешбурди ҳисобу китоби ин бандарҳо тамоми давлатҳои ҷаҳон истифода мебаранд. Бояд қайд намуд, ки агар тамоми масъалаҳои доду гирифти молҳои содиротӣ ва воридотӣ бо Россия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва давлатҳои навбунёди Кавказ бо тариқи бандари "Анзалӣ" дар баҳри Касрӣ, бандари Красноводск, Боку анҷом дода шавад, пас аз бандари "Бандар Аббос" қариб ки тамоми давлатҳои дунё истифода мебаранд. Қисмати ҳудуди баҳрии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз моҳиҳои гуногун бой аст. Моҳии сафед ва сурх, тухми ховари моҳии ин минтақаро дар тамоми гӯшаю канори дунё мешиносанд. Содироти тухми моҳии ба номи ховар (тухми сурх ва сиёҳи моҳӣ) ва маҳсулоти баҳрӣ якҷоя бо фоидаи аз соҳаҳои гуногуни маҳсулоти баҳрӣ бадастоварда зиёда аз 8%-и даромади буҷети мамлакатро ташкил менамояд. Бандар Аббос, Киш, Бушир, Обадон, Сарӣ, Анзалӣ аҳолии Эронро пурра бо моҳии яхин ва номгӯи гуногуни консерваҳои моҳӣ таъмин менамоянд. Фаъолияти хуби онҳо боиси афзудани истеҳсоли орди устухони моҳӣ дар корхонаҳои коркарди гӯшти моҳии шаҳрҳои калони наздибаҳрӣ ва дар асоси он босуръат тараққӣ ёфтани соҳаи мурғпарварӣ гардид. Дар муддати кӯтоҳ проблемаи бо гӯшти мурғ таъмин намудани аҳолӣ аз байн бардошта шуд. Корхонаҳои мурғпарварӣ дар Эрон ҳаҷман бузург набуда, дар ҳудуди тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ бунёд гардидаанд.

Соли 2000 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёда аз 900 ҳазор тонна гӯшти мурғ ва 700 ҳазор тонна тухми мурғ истеҳсол карда шудааст. (Дар саросари Ҷумҳурии Исломии Эрон тухми мурғ бо кило

пешина
аз 785
навбатӣ