Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Барои равнақу ривоҷ ёфтани корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси қонуни дар боло зикргардида 20%-и даромади корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ; 50%-и даромади аз содироти нафт бадастомада; 100%-и даромад аз содироти молҳои истеҳсолшуда аз тамоми намудҳои андоз озод карда шудаанд.
Дар асоси қонуни ҳифзи сармояи хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳавасманд намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ (корхонаҳои давлатӣ, хусусӣ ва ё муштарак): сиёсати маҳдуд намудани воридоти намудҳои молҳои хориҷии дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Эрон истеҳсолшаванда ба роҳ монда шудааст; воридоти намудҳои молҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Эрон тавлидшаванда маҳдуд карда мешавад; тамоми таҷҳизоте, ки барои таъмини пешрафти истеҳсолот ворид карда мешаванд, аз тамоми андозҳои гумрукӣ ва тиҷоратӣ (дар асоси иҷозатномаи вазорати саноат) озод карда мешавад; тамоми маҳсулоти хоми саноатӣ аз андозҳои гумрукӣ пурра ва ё қисман озод карда мешаванд.
Татбиқи ин қонун пешрафти соҳаҳои гуногуни истеҳсолотро таъмин намуда, боиси ба даст омадани натиҷаҳои хеле хуб гардид. Сармоягузорони хориҷӣ кӯшиш мекарданд, ки сармояи худро пеш аз ҳама ба соҳаҳои сердаромади саноати вазнин, химия, истеҳсоли нафт ва коркарди маҳсулоти нафтӣ гузоранд. Корхонаҳои азими муштарак бо давлатҳои Германия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Хитой бунёд гардиданд. Бо фароҳам омадани шароити лозимӣ сармоядорони дохилӣ низ ба бунёди корхонаҳои маводи ғизоӣ, поафзолдӯзӣ, либосдӯзӣ, истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, молҳои сохмонӣ шурӯъ намуданд. Ҳазорҳо корхонаҳои хурду миёна дар қаламрави кишвар аҳолиро ба кор таъмин намуданд.
Хулоса, таҷрибаи даҳсолаи охири асри XX Эрон, ки сарфи назар аз муҳосираи иқтисодӣ сиёсати оқилонаро ба роҳ монда, бо истифода аз захираҳои дохилӣ, сафарбар намудани қувваи корӣ, таъмини ҷалби сармояи хориҷӣ ба пешрафти ҷаҳишноки иқтисоди мамлакат ноил гашт, қобили омӯзиш ва истифода аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор