Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

бонкҳои хусусии тиҷоратӣ, ширкатҳои бимаӣ, киштиронӣ ва ғайра миллӣ кунонида шуд.

Ҳамчунин фурӯши нафт, содироти пахтаро давлат ба дасти худ гирифт.

Аз нуқтаи назари илмӣ гузаронидани бозсозиҳои иқтисодӣ майдони умумии киштшаванда дар солҳои 1970-71 ба 16.62 млн. гектар расонида шуд, ки он нисбат ба солҳои 1950-51 - 3.72 млн. гектар зиёд буд.

Дар натиҷаи истифодаи дурусти воситаҳои техникӣ ва кишти тухмии серҳосил истеҳсоли гандум ба 6.5 млн. тонна, биринҷ 2.2 млн. тонна, найшакар 23,1 млн. тонна, пахта 542 ҳазор тонна расонида шуд.

Саноати вазнини Покистон дар асоси сарватҳои зеризаминӣ - маъдан, оҳан, мис, ангиштсанг, намаксанг, сурма, сурб, марганец, рух, сулфат, боксит ва ғайра бунёд карда мешуд.

Дар ибтидои солҳои 70-ум манбаи бузурги маъдани мис дар мавзеи Саиндаки Балучистон бо захираи 400 млн. тонна, захираи маъдани фулӯзӣ дар музофотҳои Панҷоб ва Балучистон бо захираи 430 млн. тонна, маъдани боксид ва латерит бо захираи 75 млн. тонна кашф гардидааст.

Покистон дорои захираҳои бузурги нафту гази табиӣ мебошад. Мувофиқи ҳисоби олимон захираи нафти кишвар беш аз 30 млн. тоннаро ташкил менамояд.

Дар мӯҳлати кӯтоҳ дар шаҳрҳои калони Покистон бо иштироки бевоситаи Британияи Кабир, ШМА, Япония ва давлатҳои Европа корхонаҳои пӯлодгудозӣ, алюминий, химияву дорусозӣ, таҷҳизоти электротехникӣ (лампочка, шамолдиҳак, радиою телевизор), коркарди нафт, 6 заводи истеҳсоли цемент, 6 фабрикаи истеҳсоли коғаз ба истифода дода шуданд.

Бо зиёд шудани истеҳсоли пахта шумораи фабрикаҳои бофандагӣ ва газворҳои пахтагӣ зиёда аз 200 корхонаро ташкил медод.

Азбаски қисми зиёди кишвар дорои иқлими тропикӣ аст. Ҳукумати Покистон барои бунёди корхонаҳои саноати хӯрокворӣ

пешина
аз 785
навбатӣ