Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар рафти сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э. Раҳмонов бинобар дар ояндаи наздик ба корҳои роҳсозӣ, бунёди
кӯпрукҳои азим шурӯъ намудани Тоҷикистон аз фаъолият ва таҷрибаи департаменти лоиҳакашӣ ва нақшагирии роҳҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон боздид намуд.

Дар рафти мулоқот пешниҳоди Э.Раҳмонов оид ба нақшаи сохтмони роҳи автомобилгарди дарозтарине, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма-шоҳроҳи Қарақорум бо Хитой, Покистон ва Ҳиндустон пайваст менамояд, ба роҳбарони Покистон писанд омад.

Ҳукумати Покистон барои ҳарчи тезтар амалӣ намудани ин нақша омодагии худро изҳор намуда, қисман корҳои тадқиқотӣ ва лоиҳакаширо ба зиммаи худ гирифт.

4-5 апрели соли 1994 ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Қарочӣ, ки ҳам аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва ҳам аз ҷиҳати шумораи зиёди корхонаҳои истеҳсолӣ калонтарин ба шумор меравад, сафар намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро, ки Президенти Покистон ҳамроҳӣ мекард, генерал-губернатори шаҳри Қарочӣ бо эҳтироми калон пазироӣ намуд.

Бо вуҷуди маҳдуд будани барнома Э.Раҳмонов бо комёбиҳои шаҳри Қарочӣ шиносӣ пайдо карда, аз бандари азими Қарочӣ ва қувваҳои ҳарбии баҳрии Покистон, ки дар баҳри Ҳинд ҷойгир шудаанд, дидан кард.

Генерал-губернатори Қарочӣ омодагии бандари Қарочиро барои содироти молҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигари дунё изҳор карда гуфт, ки кӯмакҳои худро дар ин бахш барои тоҷикистониҳо дареғ намедорад.

Дар натиҷаи истифодаи яке аз бандарҳои калонтарини дунё - Қарочӣ, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ бандари наздиктарин ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар ҳолати мӯътадил гаштани вазъи давлати Афғонистон, Тоҷикистон танҳо аз боркашонӣ садҳо миллион доллари амрикоиро сарфа мекунад.

Агар фосилаи роҳи оҳани Душанбе-Чоп-Европа, ки қатораҳо аз ҳудуди давлатҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Россия, Белоруссия ба Европа молҳои истеҳсоли ватаниро мебаранд, зиёда аз 8000 км тӯл кашида бошад, пас фосилаи роҳи оҳани, ки дар оянда аз ҳудуди

пешина
аз 785
навбатӣ