Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Фаъолияти Шӯрои СҲИТ бошад, таҳти роҳбарии Котиби генералии ин созмон ҳар моҳ ду маротиба бо иштироки фаъолонаи намояндагони доимии давлатҳои аъзо гузаронида мешавад. Қарори Шӯро, чун қоида, ба тариқи консенсус қабул карда мешавад.
Имрӯзҳо 150 кумитаҳо, гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои экспертӣ проблемаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои аъзои созмонро тадқиқ намуда, иттилооти муфассали воқеиро ба марказ мерасонанд.
Дар сохтори СҲИТ мавқеи хосаро Кумитаи кӯмак ба тараққиёт ишғол менамояд. Дар фаъолияти ин кумита 21 давлати аъзо Комиссияи Европа иштирок менамоянд.
Намояндаи Бонки байнамилалии рушд ва инкишоф (МБРР) ва Хазинаи Байнамилалии Асъор бошад, ҳамеша дар фаъолияти ин кумита ба сифати назоратчӣ иштирок намуда, барои татбиқи барномаҳои он маблағҳои лозима ҷудо мекунанд.
Ба зиммаи ин кумита иҷрои тамоми масъалаҳои вобаста ба расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода, назорати истифодаи пурмаҳсули ин кӯмакҳо, бароҳмонии фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва умуман барқарор намудани иқтисодиёт ва ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ин кишварҳо гузошта шудааст.
Соли 1990 бо сабабҳои аз ҳайати СЭВ баромадани як қатор давлатҳои Европаи Ғарбӣ дар сохтори СҲИТ маркази бароҳмонии ҳамкорӣ бо давлатҳои сотсиалистии Европа фавран бунёд карда шуд. Мувофиқи низомномаи ин созмон барномаи махсуси ҳамкорӣ ва кӯмак барои зина ба зина аз иқтисодиёти марказонидашудаи сотсиалистӣ ба иқтисодиёти бозорӣ гузаштани онҳо таҳия карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор