Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§ 15.6. КОНФЕРЕНСИЯИ СММ ОИД БА САВДО ВА ИНКИШОФ
(ЮНКТАД-UNCTAD)
ЮНКТАД номи кӯтоҳи Конференсияи СММ оид ба савдо ва инкишоф мебошад. Он яке аз мақомоти доимии Ассамблеяи Генералии СММ буда, 30 декабри соли 1964 бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналхалқӣ ба чораҳои иқтисодиёт таъсис дода шудааст, ки ба тараққиёти кишварҳои "ҷаҳони сеюм" суръат бахшида метавонанд.
Ҳоло зиёда аз 186 давлат узви ин Конференсия буда, дар барномаҳои солонаи он фаъолона иштирок мекунанд. Мақоми олии ЮНКТАД иҷлосия (сессия) мебошад, ки на камтар аз як маротиба дар 4 сол даъват карда мешавад. Мақоми доимии ЮНКТАД Шӯрои оид ба савдо ва инкишоф мебошад. Дар доираи Шӯро 6 кумита фаъолият мекунад.
Маркази ин созмон дар Женева (Швейтсария) ҷойгир аст. Имрӯзҳо барои аъзо шудан ба ин созмон дарҳои он барои тамоми давлатҳои дунё бозанд. Дастгирӣ ва ҳавасманд кардани савдои байналмилалӣ ва пеш аз ҳама ҳавасманд намудани афзоиши ҳаҷми савдои байни давлатҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққӣ ниҳода, омода сохтани пешниҳодҳои манфиатнок вобаста ба таъмини тараққиёти муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳалли масъалаҳои ҳалталаби байни сиёсати ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои иқтисодии минтақавӣ дар масъалаҳои гуногуни савдо бамиёномада, ҳамкорӣ дар муттаҳид намудани фаъолияти ташкилотҳои дигари СММ, ки бо тиҷорати байналмилалӣ сару кор доранд, вазифаи асосии имрӯзаи ЮНКТАД ба ҳисоб мераванд.
ЮНКТАД фаъолияти худро бештар ба манфиати кишварҳои рӯ ба инкишоф равона месозад. Ин, аз ҷумла бо он тасдиқ мегардад, ки соли 1980 таҳти сарпарастии ЮНКТАД Фонди умумӣ барои татбиқи Барномаи муштараки молҳои ашёи хоми ЮНКТАД таъсис гардид, ки вазифаи асосии он таъмини эътидоли бештари бозорҳои ҷаҳонии молҳои ашёи хом бо кӯмаки маблағҳои муттаҳидаи молиявӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор