Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

менамуданд. Ҳамин тариқ, оҳиста-оҳиста давлатҳои алоҳида ҷиҳати ҳисоббаробаркунӣ барои молҳои аз бозорҳои ҷаҳонӣ ба ивази фурӯши молҳои худ харидаашон дар бонкҳои марказӣ ба захира намудани асъори давлатҳои пуркудрати ҷаҳон (фунт-стерлинги Англия, доллари ШМА, маркаи Германия) шурӯъ намуданд.

Чунин тамоил дар муддати кӯтоҳ боиси аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратнок шудани ШМА ва ба рақобат тоб наоварда, суст шудани мавқеи Британияи Кабир гардид.

Ҳамин тариқ, тамоми заминаҳо барои иваз намудани системаи амалкунандаи стандарти тиллоӣ ба системаи нисбатан мукаммалтаре, ки хусусиятҳои дар ҷаҳон қабулшудаи стандарти тиллоиро нигоҳ дошта, ҷавобгӯи муносибатҳои нави ҳаҷман васеи иқтисодиёти ҷаҳон гардида буд, гузошта шуданд.

Таназзули иқтисодии солҳои 30-юм ва баъдтар Ҷанги дуюми ҷаҳон вазъи сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳоро боз ҳам душвор намуда, ҷараёни кандашавии муносибатҳои иқтисодии хориҷиро боз ҳам тезонид.

Дар солҳои ҷанг умуман савдои байналмилалӣ ва комёбиҳое, ки дар соҳаи гардиши пул дар тӯли 50 соли охир ба даст омада буданд, барбод рафтанд.

Дар конференсияи асъориву молиявии байналмилалие, ки соли 1944 дар шаҳри Бреттон Вуди ШМА баргузор гардида буд, намояндагони зиёда аз 36 мамлакати дунё ба хулосае омаданд, ки бо мақсади аз нав барқарор намудани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байнидавлатӣ баъд аз хотима ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон системаи танзими қурби асъорҳои ҷаҳонро, ки дар таърихи иқтисодиёт бо номи системаи Бреттон Вуд дохил шудааст, бунёд намоянд. Вобаста ба иҷро намудани вазифаи пули ҷаҳонӣ ба пулҳои коғазии бо номи "девизҳо" иштирокчиёни конференсия "системаи девизҳои тиллоӣ" низ номгузорӣ намуданд.

Дар ин конференсия якбора бо мақсади таъмини қобилияти фаъолияти низоми асъори нав, устувор намудани асъори кишварҳои рӯ ба инкишоф, аз байн бардоштани монеаҳои тиҷоратӣ ва татбиқи

пешина
аз 785
навбатӣ