Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
барномаҳои дигари ҳамкории байналмилалии асъор Хазинаи Байналмилалии Асъор бунёд карда шуд.
Мувофиқи низомномаи ин созмон давлатҳои аъзои системаи Бреттон Вуд ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки вобаста ба ҳаҷми даромади миллӣ, шумораи аҳолӣ ва ҳаҷми тиҷорат барои таъмини фаъолияти ХБА ҳиссагузорӣ намоянд.
Дар асоси музокираҳои хеле зиёд тартиби зерини амали системаи Бреттон Вуд муайян карда шуда буд:
• тилло, мисли пештара, ба сифати асоси фаъолияти ин система қабул карда шуд. Барои таъмини устувории қурби пули давлатҳои аъзо арзиши 31,1 грамм (1 унсия) тилло баробари 35 доллари ШМА муайян карда шуда буд.
• захираҳои азими тиллои ШМА ва вазъи устувори иқтисодиёти ШМА-ро ба назар гирифта, ба доллари ШМА дар баробари тилло иҷрои вазифаи захиравӣ дода шуд. Дар тамоми системаи асъории ҷаҳон ба ивази доллари ШМА додани тилло ва ё баръакс, ба ивази тилло додани доллари ШМА ҷорӣ карда шуд.
Ҳамин тавр, давлатҳои ҷаҳон ба истифодаи стандарти тиллою асъори Бреттон Вуд шурӯъ намуданд.
Таъмини қурби бетағйири асъори давлатҳо як давраи муайян пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонро тезонида то солҳои 1971 натиҷаҳои назаррас дод. Дар тӯли ин давра бо вуҷуди таъмини пешрафт ва ё пастравии истеҳсолот қурби асъори миллӣ танҳо бо иштироки ХБА муайян карда мешуд. Агар ҳаҷми тағйироти қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ШМА зиёда аз 10%-ро ташкил намуда бошад, пас дар ин ҳолат баъд аз таҳлили чуқури тавозуни пардохт бо розигии Шӯрои роҳбарияти созмон барои даровардани чунин тағйирот иҷозат дода мешуд.
Албатта, пӯшида нест, ки системаи "тиллоию асъорӣ"-е ки дар асоси захираҳои тилло ва сарватҳои зиёд бевосита барои пешрафти қисми муайяни давлатҳои ҷаҳон равона гардида буд, дар муддати кӯтоҳи солҳои охири баъди ҷанг онҳоро ба давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон табдил дода, бисёр давлатҳои дигари ҷаҳонро аз сабаби надоштани тиллою асъори хориҷии шинохташуда аз пешрафти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор