Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
асъори миллӣ мепардозанд, қисми зиёди асъори миллӣ дар хориҷи кишвари эмитент хеле кам истифода мегардад, тақрибан нисфи маблағҳои дар баланси ХБА буда наметавонанд истифода шаванд. Ба ҷуз ҳолатҳои истисно дар соли муқаррарӣ аз ХБА тақрибан танҳо 20 асъор қарз гирифта мешавад, қисми зиёди қарзгирандагони ХБА танҳо асъори асосии қобили табдил, ба монанди доллари ШМА, йени Япония, маркаи Германия, фунт стерлинги Британияи Кабир ва франки Францияро талаб мекунанд.
Азбаски ҳар як кишвари узви Хазина ҳақ дорад аз ХБА маблағи якчанд маротиба зиёдтар аз аъзоҳаққии пардохтаашро қарз гирад, квотаҳо наметавонанд эҳтиёҷоти кишварҳои аъзои Хазинаро ба қарзи нақдӣ дар давраҳои тағйироти ҷиддӣ дар иқтисоди ҷаҳон қонеъ гардонанд. Барои ин ҳолатҳо ХБА аз соли 1962 инҷониб хати кредитӣ таъсис намудааст, ки онро як қатор ҳукуматҳо ва бонкҳо дар тамоми ҷаҳон пешниҳод намудаанд, ҳоло маблағи он тақрибан 29 млрд. доллари ШМА-ро ташкил медиҳад. Ин хати кредитӣ, ки Созишномаи генералӣ (умумӣ) оид ба қарз номида мешавад, ҳоло ҳар панҷ сол таҷдид мегардад. ХБА фоизҳои ҳар як қарзи дар доираи ин созишномаҳо гирифташавандаро мепардозад ва ӯҳдадор мешавад, ки кредитҳоро (қарзҳоро) дар тӯли панҷ сол пардозад.
Илова ба ин созишномаҳои генералии ХБА аз ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Хазина ё мақомоти танзими пулу кредит барои барномаҳои мушаххаси ҷавобгӯи манфиатҳои аъзои он маблағҳо қарз мегирад.
Бо истифода аз эътибори баланди қобили пардохти кредит буданаш, ХБА дар даҳсолаҳои охир барои пешниҳод намудан ба он давлатҳои аъзои Хазина, ки ба захираҳои зиёд эҳтиёҷ доштанд, ба муҳлати хеле тӯлонӣ ва бо шартҳои манфиатноктар, нисбат ба он шартҳое, ки онҳо дар сурати мустақилона амал кардан гирифта метавонистанд, маблағҳо қарз гирифт. Қарз гирифтани чунин маблағҳои хеле зиёд то андозае хусусияти фаъолияти ХБА-ро тағйир дод, дар натиҷа он вазифаҳои бонкиро бештар иҷро мекардагӣ шуд, асосан аз як гурӯҳи давлатҳои аъзои Хазина маблағ қарз гирифта, ба кишварҳои дигари аъзои Хазина медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор