Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ХБА танҳо ба кишварҳое қарз медиҳад, ки дар пардохти маблағҳо мушкилот доранд, яъне ба кишварҳое, ки барои пардохти молҳои аз дигар давлатҳо харидоришаванда маблағҳои кофии асъорӣ надоранд. Дар ҳолатҳои рӯ ба рӯ гаштан бо проблемаи пардохт кишварҳо метавонанд фавран аз ХБА 25 фоизи квотаеро, ки бо тилло ё асъори қобили табдил пардохта шудааст, гиранд. Агар ин 25 фоиз кифоя набошад, давлати узви Хазина дар мавриди доштани мушкилоти зиёд, метавонад аз ХБА хоҳиш намояд, ки ба он маблағи бештар ҷудо намояд ва дар давоми якчанд сол маблағи се баробар зиёд аз пардохти квотавиро гирад.
Хазинаи Байналмилалии Асъор кишварҳои узви Хазинаро, ки дар пардохти маблағҳо мушкилот доранд, дар доираи механизмҳои мухталиф, вобаста ба хусусияти проблемаҳои мушаххас бо кредит таъмин менамояд. Механизми созишномаҳо оид ба кредитҳои "стенд-бай" нисбат ба дигар механизмҳо бештар мавриди истифода қарор мегирад. Ин механизм ба кишварҳое, ки дар иҷрои ӯҳдадориҳои қарзии худ бо мушкилот рӯ ба рӯ гардидаанд, имкон медиҳад, ки ба мӯҳлати то се сол барои таҷдиди молияи худ хати кредитӣ гиранд. Дигар механизм (механизми маблағгузории ислоҳоти сохторӣ) ба кишварҳои камбизоат имкон медиҳад дар давраи ислоҳоти куллии иқтисодӣ бо мақсади рафъи омилҳое, ки дар тӯли солҳои зиёд садди роҳи рушди иқтисод гардидаанд, қарзи имтиёзнок (бо фоизи кам) гиранд. Ин механизм аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрии давлатҳои аъзои Хазина, ки бинобар ҳамкорӣ аз ставкаҳои фоизии бозорӣ даст мекашанд, маблағгузорӣ мегардад. Кишварҳои аъзои ХБА, ки вазъияти хуби иқтисодӣ доранд, барои мақсадҳои ин механизм қариб 22 млрд. доллари ШМА ҷудо намуданд.
Давлатҳое, ки аз ХБА қарз мегиранд, барои пӯшонидани хароҷоти амалиётии ХБА боҷҳои мухталиф ва ба кишварҳое, ки асъори онҳоро истифода мебаранд, ҷубронпулӣ мепардозанд. Ҳоло қарзгир дар ҳаҷми тақрибан 1/2 фоизи маблағи кредит, инчунин ба андозаи қариб 5 фоиз (ба истиснои кредитҳо дар доираи механизми дар боло зикргардидаи маблағгузории ислоҳоти сохторӣ) боҷи хизматрасонӣ ва комиссионӣ мепардозад. Давлати узви ХБА аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор