Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
аъзоҳаққии худ мутобиқи квота танҳо дар сурати фоиз мегирад. ки агар дигар кишварҳо асъори онро қарз гиранд.
Кредитҳо дар шакли СДР пешниҳод мегарданд. СДР (Ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ) арзиши ба таври сунъӣ муқарраргардида дорад, ки дар асоси арзиши миёнаи панҷ асъори асосии ҷаҳон, ба монандӣ доллари ШМА, маркаи Германия, йени Япония, фунт стерлинг ва франки Франсия муайян карда мешавад.
Арзиши СДР чунин муқаррар карда шудааст:
40% - доллари ШМА;
21% - маркаи Германия;
17% - йени Япония;
11% - фунт стерлинг;
11% - франки франсиягӣ.
Ҳоло 21,4 млрд. СДР ба маблағи тақрибан 34 млрд. доллари ШМА бароварда шудааст, ки он қариб 3 фоизи тамоми захираҳоро ташкил медиҳад.
Илова ба назорати системаи байналмилалӣ ва дастгирии молиявии кишварҳои аъзо, ХБА бо роҳи тарбияи кадрҳо дар институти таълимии худ дар Вашингтон ва дар Институти муттаҳидаи Вена, пешниҳод намудани кӯмаки техникӣ ба баъзе соҳаҳои махсуси фаъолияти худ, инчунин ба интишори нашрияҳои мухталиф оид ба масъалаҳои муносибатҳои пулию қарзӣ мусоидат менамояд. Дар тӯли мавҷудияташ он ба бисёр мамлакатҳои тараққикунандаи ҷаҳон кӯмак расонда, вазъи молиявию иқтисодии онҳоро ба эътидол даровардааст.
Бояд қайд намоем, ки аз солҳои 1990 сар карда ХБА ҳамкории худро бо давлатҳои Европаи Шарқӣ ва баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо давлатҳои тозабунёди собиқ шӯравӣ оғоз намуд. Давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳони капиталистӣ бо истифодаи ин созмон даҳҳо миллиард доллари худро барои қудратнок шудани ин раванд ва пешгирӣ намудани баргашт ба сохтори пешинай сотсиалистӣ дареғ намедошт. Аз 1 январи соли 1990 сар карда то 1 январи соли 2001 ХБА ба 30 давлати бо иқтисодиёти гузаранда (Албания, Арманистон, Озарбойҷон, Белоруссия, Босния-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор