Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
доираи механизми "стэнд-бай" барои Тоҷикистон 15 млн. СДР (22 млн. доллари ШМА) ҷудо намуд. Бо пешниҳоди роҳбарияти ХБА Бонки ҷаҳонӣ моҳи сентябри соли 1995 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи реабилитатсионӣ (барқарорсозӣ) дар ҳаҷми 50 млн. доллари ШМА ҷудо намуд. Ин қарзҳо натиҷаҳои хеле назаррас доданд. Соли 1996 Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаҳои нигоҳ доштани устувории қурби рубли тоҷикӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашт. То андозае пеши роҳи беқурбшавии пули миллии Тоҷикистон дар соли 1996 гирифта шуд. Агар дар 7 моҳи соли 1995 баъд аз ба муомилот баровардани асъори миллӣ (рубли тоҷикӣ) беқурбшавии пул 984%-ро ташкил намуда бошад, пас соли 1996 дар натиҷаи бурдани сиёсати қатъии зидди таваррум ин нишондиҳанда то ба 40,5% кам карда шуд. Қурби табдил (300 рубл ба як доллари ШМА) дар тӯли сол дар як сатҳ нигоҳ дошта шуд, ки он аз беҳшавии вазъи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медод. Мавқеи буҷети ҷумҳурӣ беҳ гардид. Маоши кормандони буҷетӣ афзуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши мунтазами асъори хориҷӣ дар биржаи тозаифтитоҳёфтаи асъори хориҷӣ оғоз гардид. Дар соли 1996 бо мақсади нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ тавассути ин биржа 58,6 млн. доллари ШМА фурӯхта шуд.
Моҳи июни соли 1997 директор-иҷрокунандаи ХБА Даниэл Кэйзер ба Душанбе омад. Ӯ зимни вохӯрию сӯҳбатҳояш бо Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонов, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ва дигар роҳбарони як қатор вазоратҳо боварӣ ҳосил кард, ки ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон бомуваффақият идома дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шартҳои ХБА ва Бонки ҷаҳониро қариб пурра иҷро намудааст. Дар натиҷаи ин сафар бо мақсади беҳ намудани вазъи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи нави муштараки Тоҷикистону ХБА ба имзо расид.
Бо таклифи роҳбарияти ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 1997 аз шаҳри Вашингтони ШМА боздид намуд. Э.Раҳмонов бо роҳбарони ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ вохӯрда, вобаста ба густариши муносибатҳои дуҷониба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор