Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
сӯҳбатҳои самимию манфиатбахш оростанд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои сари вақт амалӣ сохтани барномаҳои расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Махсус қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба кӯмакҳои иқтисодии беғаразона ниёз дорад. Роҳбарияти ХБА ваъда дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва тезонидани кӯмакҳои иқтисодӣ кӯшиш менамояд, ки моҳи ноябр таҳти роҳбарии СММ конференсияи махсусеро вобаста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд. Дар баробари ин таъкид гардид, ки бо назардошти фаъолияти гурӯҳҳои намояндагони ХБА дар Тоҷикистон охири соли 1997 дар Душанбе барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои минбаъда дақиқ карда мешаванд.
Моҳи ноябри соли 1997 бо мақсади дар ҳаёт татбиқ намудани барномаҳои дар Вашингтон баимзорасида миссияи ХБА бо сарварии ҷаноби Тапио Савалайнен ба Душанбе омад. Намояндагон чанд рӯз дар вазорату идораҳо ва Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти идораҳои марбутаро омӯхта, бо мақсади мустаҳкам намудани вазъи пулию молиявӣ созишномаҳоро оид ба додани қарзҳои навбатӣ ба имзо расониданд.
Бо мақсади мӯътадил гардондани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ХБА ду қарзи дигарро дар доираи кӯмаки фавқулоддаи давраи баъдиҷангӣ ҷудо намуд. Қисми аввали қарз дар ҳаҷми 7,5 млн. СДР - 19 декабри соли 1997 ва қисми дуюми он дар ҳаҷми 7,5 млн. СДР - 1 апрели соли 1998 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд. Аз моҳи майи соли 1998 сар карда байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ХБА дар ш. Душанбе муҳокимаи барномаи сесолаи кӯмакҳои иқтисодӣ аз ҳисоби захираҳои ХБА дар доираи барномаи ЕСАФ шурӯъ шуд.
ХБА дар баробари ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз он ҷумла барои хароҷоти давлатӣ, андоз ва соҳаи гумрук, сиёсати пулию молиявӣ, ташкилотҳои системаи бонкӣ, оморӣ кӯмакҳои техникии худро расонидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор