Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Декабри соли 1998 дар Вашингтон вохӯрии якҷояи роҳбарияти Бонки умумиҷаҳонӣ ва ХБА оид ба масъалаҳои муҳими шаш давлати аъзои АБИ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар рафти бозсозиҳои иқтисодии солҳои охир аз бӯҳрони иқтисодӣ дар Федератсияи Россия рӯйдода зарар дидаанд, баргузор гашт.
Бо назардошти ҷуброни ин зарар 20 майи соли 1999 Бонки умумиҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти сохторӣ ба маблағи 5 млн. СДР (6,7 млн. доллари ШМА) қарзи иловагӣ ҷудо намуд.
Аз моҳи майи соли 1999 то январи соли 2001 Бонки умумиҷаҳонӣ қарзҳои зеринро ҷудо намудааст:
• қарз барои навоварӣ ва омӯзиш дар соҳаи маориф - 5 млн. доллари ШМА;
• қарз барои дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ - 20 млн. доллари ШМА;
• қарзи иловагӣ барои дастгирии хусусигардонии хоҷагии деҳқонӣ - 3 млн. доллари ШМА;
• қарзи техникӣ барои сохторҳои институсионалӣ - 6,7 млн. доллари ШМА;
• қарз барои ислоҳоти сатҳи аввали соҳаи нигоҳдории тандурустӣ дар Тоҷикистон - 4 млн. доллари ШМА;
• қарз оид ба кам кардани хатари кӯли Сарез - 0,5 млн. доллари ШМА;
• қарз оид ба барқарорсозии инфраструктураи деҳот;
• қарз барои барқароркунии системаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе - 15 млн. доллари ШМА;
• қарз барои корхонаи "Зарафшон Гоулд Компани" - 15,5 млн. доллари ШМА.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо (1.04.2001) аз 14 қарзи Бонки умумиҷаҳонӣ, ки маблағи умумии онҳо 211,3 млн. доллари ШМА ташкил медиҳад, истифода бурда истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор