Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• таҳкими имкониятҳои институсионалӣ.

Дар баробари ин Стратегияи дуюм дар тӯли солҳои банақшагирифташуда ҷалби сармояи хориҷиро барои соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф ва бунёди фондҳои иҷтимоӣ дар назар мегирад. Баъд аз татбиқи қисми зиёди лоиҳаҳои Стратегияи дуюм аз нимаи дуюми соли 2001 ба нақша гирифта шудааст, ки Стратегияи даври сеюмро барои солҳои 2002-2004 тасдиқ намоянд, ки мақсади асосии он - мубориза ба муқобили камбизоатӣ ба шумор меравад.

31 июли соли 1998 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ созишнома оид ба қарз барои ислоҳоти сохторӣ дар ҳаҷми 37,1 млн. СДР (баробари 50 млн. доллари ШМА) ба имзо расид. Ин лоиҳа барои дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани нақшаҳои худ дар соҳаи хусусигардонӣ, бозсозиҳои бахши бонкӣ ва ҳимояи системаи иҷтимоӣ пешбинӣ гардида буд.

Ҳаҷми умумии маблағи ҷудошудаи ин қарз дар се давр (транш) - 20 млн. доллар августи соли 1998, 22,9 млн. доллар соли 1999 ва боқимондаи он 7,1 млн. доллари ШМА ноябри соли 2000 пурра азхуд карда шуд.

Дар мустаҳкам шудани муносибатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ хизмати намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе хеле бузург аст. Офатҳои табиӣ ва обхезии баҳори соли 1998-ро ба назар гирифта, баъд аз иттилооти муфассали намояндагӣ - Бонки умумиҷаҳонӣ дар асоси "Лоиҳаи кӯмаки фавқулодда оид ба рафъи оқибатҳои обхезӣ" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,8 млн. СДР (5 млн. доллари ШМА) ҷудо намуд. 20 декабри соли 2000 бошад, барфбории зиёд ва боронҳои шадиди моҳи май ва июни соли 1999-ро ба назар гирифта, илова бар қарзи ҷудошуда боз 2 млн. доллари ШМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии роҳҳою кӯпрукҳои аз обхезӣ зарардида, ҷудо намуд.

пешина
аз 785
навбатӣ