Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Словения ва моҳи декабр Хорватия ба аъзогии Бонк қабул карда шуданд.

Дар баробари ин соҳаҳои асосии зери назари бонк таъмини пешрафти процесқҳои хусусигардонӣ, бо ҳам муттаҳидсозии шабакаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ ва телекоммуникатсионии Европа, системаи бонкӣ ва ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб мераванд.

Дастгирии ҷараёнҳои нави бозсозии иқтисодӣ рӯз аз рӯз эътибори БЕТР-ро дар миқёси ҷаҳон зиёд менамуд. Моҳи марти соли 1993 баъд аз ҳодисаи нохуши таркиши иншооти атомии "Чернобил", роҳбарияти гурӯҳи давлатҳои "Ҳафтгона" аз БЕТР хоҳиш намуданд, ки ҳисоби махсуси татбиқи барномаи бисёрсоҳаи таъмини бехатарии нерӯгоҳи атомиро ба зиммаи худ гирад. Мувофиқи барномаи тасдиқшуда аз ин ҳисоб маблағҳои лозима барои дастгирии аҳолӣ ва шумораи зиёди кормандони зарардидаи Чернобил, таъмини бехатарии иншооти атомӣ равона карда мешуданд. Нияту мақсадҳои нек ва натиҷаҳои мусбии барномаи БЕТР-ро ба назар гирифта, моҳи майи соли 1996 дар Шӯрои раисон саҳомони Бонк пешниҳоди то 20 млрд. евро (26,8 млрд. доллари ШМА) зиёд намудани сармояи бонкро якдилона дастгирӣ намуданд. Чунин амал БЕТР-ро аз ҷиҳати сармоя ба сеюмин созмони бонуфузи қарздиҳандаи ҷаҳон табдил дод. Таҳлили 8 соли фаъолияти БЕТР нишон дод, ки бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Европаи Гарбӣ ва Шарқӣ, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бозсозиҳои иқтисодӣ бо суръати баланд татбиқ мешуданд, ки дар натиҷа барои сармоягузорӣ ва тараққӣ додани фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои беҳад васеъ фароҳам омада буд.

Дар ҳудуди шумораи зиёди давлатҳои рӯ ба ислоҳоти иқтисодӣ ниҳода омилҳои иқтисоди бозорӣ устувор гашта, дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот афзалияти бахши хусусӣ барҷаста мушоҳида карда мешавад. Аз татбиқи ҳамаҷониба ва саривақтии бозсозиҳои иқтисодӣ аксарияти давлатҳо дар масъалаи озодкунии нарх ва либерализатсияи савдо, хусусигардонии моликияти ҷамъиятӣ, бароҳмонии истеҳсолот ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ комёбиҳои бузург ба даст оварданд. Комёбии аз ҳама бузург

пешина
аз 785
навбатӣ