Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

таъмини бунёди равандҳои демократии давлатдорие, ки фаъолияти тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷамъиятиро дар асоси қонунҳои ҷавобгӯи меъёри байналмилалӣ ба роҳ монда тавонист, ба шумор мерафт. Хулоса, муваффақиятҳои зеринро дастоварди назарраси давлатҳои Европаи Ғарбию Шарқӣ ва ИДМ ҳисобидан мумкин аст:

• дар тамоми давлатҳое, ки бозсозиҳои иқтисодӣ ба марҳилаи охирини худ расида буданд, дараҷаи беқурбшавии пул боздошта шуда, ин нишондиҳанда дар як сол ҳамагӣ 11%-ро ташкил медод;

• ҳаҷми маблағгузории бевоситаи хориҷӣ дар ин давра 4 маротиба афзуда, иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар дигаргунсозиҳои сохторӣ ва ташкилӣ хеле афзуд;

• корхонаҳо ва савдои хориҷии давлатҳои татбиқкунандаи ислоҳоти иқтисодӣ фаъолияти худро бо суръати баланд ва талаботи бозори Европаи Шарқӣ мутобиқ менамуданд;

• 10 давлат бо Иттиҳоди Европа Созишномаи оид ба нияти узви иттиҳод шуданро имзо намуданд ва панҷ давлат (Венгрия, Полша, Словения, Чехия ва Эстония) бо мақсади аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди Европа шудан барои ба имзо расонидани созишнома музокироти расмӣ доир намуданд, се давлат (Венгрия, Полша, Чехия) ба аъзогии ОЭСР ва НАТО қабул шуданд;

• дар бисёр давлатҳои ИДМ ба ҷараёни гиперинфлясионӣ хотима дода шуда, пешрафти иқтисодӣ таъмин карда шуд;

• бо вуҷуди ҳодисаҳои аз самтҳои муайяни ҷараёни бозсозӣ даст кашидани давлатҳои алоҳида, дар маҷмӯъ ҳукуматҳои давлатҳои зиёд ҷонибдори давом додани протсессҳои иқтисоди бозорӣ буданд;

• раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ дар кишварҳои Европа, агар ба марҳилаи охирини худ расида бошад, пас ин раванд дар давлатҳои ИДМ ба авҷи камолоти худ расида буд;

• бо устуворшавии сохтори давлатӣ ва рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти зиёд дар пешбурди иқтисодиёт дар шароити маҳдуд ҷараёни нави муттаҳидшавӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ аз нав сар шуд. Аксарияти давлатҳо барои ворид шудан ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба гуфтушунидҳо шурӯъ намуданд. Аз байни

пешина
аз 785
навбатӣ