Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Соли 1996 БЕТР сармоягузории аввалини худро ба Тоҷикистон барои дастгирии институтҳои молиявӣ маъқул донист. Барнома ба маблағи умумии 7 млн. евро бо 4,6 млн. евро тавассути кредитонии Бизнеси хурд ва миёна аз тариқи бонки тиҷоратии "Ориёнбонк" оғоз гардид. То имрӯз транши аввали хати кредитии пурра азхуд карда шуд ва бештар аз 20 лоиҳа дар бахши бизнеси миёна ва хурд маблағгузорӣ гардидаанд. Портфели кредитҳои "Ориёнбонк" аз зарурати зиёд ва эҳтиёҷот ба пешниҳод гардидани чунин захираҳои кредитӣ барои инкишофи бахши хусусии кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Нақши худро дар дастгирӣ ва инкишофи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон БЕТР дар тақвияти мақом ва ҷойи бонкҳои тиҷоратӣ, миёнаравон, роҳбаладон, дар вусъат бахшидани хизматрасониҳои молиявӣ ва дастгирии шаклҳои хусусии моликият, сарфи назар аз ҳаҷми онҳо, мебинад. Лоиҳаи минбаъдаи БЕТР дар бахши молиявии Тоҷикистон ба ин мақсад равона гардидааст, ки моҳи ноябри соли 2000 тавассути иштирок дар сармояи дигар, яке аз устувортарин бонкҳои кишвар "Тоҷиксодиротбонк" маъқул дониста шудааст. Маблағи умумии Лоиҳа 500 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил медиҳад. Мақсад аз тақвияти бонк бо роҳи иштирок дар Шӯрои директорон ва ҳайати саҳомони бонк, ҷалби манфиати иловагии сармоягузорони имконпазири стратегӣ ба кори бонк ва ҷорӣ намудани таҷрибаи байнамилалӣ барои беҳбудии минбаъдаи кор иборат мебошад. Вақтҳои наздик воридшавии Корпоратсияи Байнамилалии Молиявӣ (КБМ) ба ҳайати саҳомон дар назар аст. Ин ба бонк экспертизаи иловагиро медиҳад ва имконият фароҳам меорад, ки бонк дар бахши бонкии кишвар рақобатпазирии ҷиддӣ пайдо намояд.

БЕТР дар бахши хусусии Тоҷикистон ду лоиҳаро маблағгузорӣ намуд. Лоиҳаи якум, дар ҳаҷми 4 млн. доллар, ки моҳи июли соли 1997 барои фабрикаи борҷомаи шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1,7 млн. доллари ШМА маблағгузорӣ намуд. Ин ба корхонаи консервбарорӣ имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсолотро афзун намояд ва истеҳсоли маҳсулотро барои содирот ба роҳ монад. Лоиҳаҳои минбаъда метавонанд дар бахши агробизнес ба таъсиси Корхонаи муштарак

пешина
аз 785
навбатӣ