Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

манбаъҳои хусусӣ ва давлатӣ ҳавасманд мегардонад, дар сафарбар намудани сармояи ватанӣ кӯмак мерасонад, инчунин ҳамкории техникиро дар соҳаҳои дахлдор таъмин месозад. Бонк бо муассисаҳои молиявӣ ва дигар ташкилотҳои байнамилалию миллӣ ҳамкории зич дорад. Дар тамоми фаъолияти худ Бонк ба рушди аз ҷиҳати экологӣ солиму устувор мусоидат мекунад.

БЕТР принсипҳои идораи самараноки корпоративиро қатъиян ҷонибдорӣ менамояд; дар доираи тамоми бонк масъулият ва назорати марбута ба таври зарурӣ муайян ва мушаххас гардидаанд.
Илова бар ин системаи ҳисобот вуҷуд дорад, ки дар доираи он иттилоот ба таври зарурӣ ба расмият дароварда мешавад ва дар дохили БЕТР дар ҳар як сатҳ барои таъмини фаъолияти самаранокии системаи тобоварӣ ва мувозина паҳн карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъсиси БЕТР баъди аз ҷониби Парламенти кишвар тасдиқ гардидани узвият, ба ин ташкилоти байнамилалӣ ворид шуд. Имрӯзҳо намояндагии Бонки Европоии Таҷдид ва Рушд дар ш.Душанбе фаъолият дорад.

Муносибатҳои мутақобила ва фаъолияти якҷояи байни Тоҷикистон ва БЕТР бинобар зиддияти шаҳрвандӣ дар кишвар ва рушди ноустувори иқтисодии кишвар аз нигоҳи Бонк ғайриқаноатбахш буданд.

Сарфи назар аз ин, лоиҳаи нахустини БЕТР дар Тоҷикистон дар соли 1995 - Лоиҳаи барқарорсозии фаврии хати парвозу нишасти фурудгоҳи ш. Душанбе гардид. Моҳи марти соли 1995 сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарияти ҳавонавардии кишвар ба БЕТР муроҷиат намуда, аз ҳолати бади хати парвозу нишасти фурудгоҳи ш. Душанбе изҳори ташвиш намуданд. Зеро минбаъд бадтар шудани хати парвоз метавонист боиси он гардад, ки фурудгоҳ бинобар таъмин накардани бехатарии парвозҳо баста шавад. БЕТР ҳолати бамиёномадаро таҳқиқ намуд ва минбаъд Ҳукумати Нидерландия барои таҳким ва таҷдиди хати парвозу нишаст ба маблағи 4 млн. доллари ШМА грант ҷудо намуд. Дар ин лоиҳа Бонк нақши миёнаравро дар татбиқи лоиҳа иҷро кард. Бояд таъкид намуд, ки корҳои таъмир дар мӯҳлати кӯтоҳтарин анҷом дода шуданд.

пешина
аз 785
навбатӣ