Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§16.6. Бонки Осиёии Рушд ва ҳамкории он бо Тоҷикистон
Бонки Осиёии Рушд (БОР) институти молиявии гуногунпаҳлӯи байналмилалӣ буда, бо мақсади аз байн бардоштани қафомонӣ ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ дар асоси таҷрибаи Иттиҳоди Европа таъмини пешрафти иқтисодиёти давлатҳои қафомондатарини Осиё соли 1966 таъсис дода шудааст.
Сармояи ин бонк ба 57 кишварҳои дунё тааллуқ дорад, ки 41-тои онҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷой гирифтаанд. Дар асоси қарори Шӯрои раисон идораи марказии БОР дар пойтахти Филиппин - шаҳри Манила ҷойгир шудааст. БОР соҳаи васеи фаъолияти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад, ки ба некӯаҳволии аҳолии минтақа нигаронида шудааст. Мақсадҳои асосии стратегии бонк таъмини пешрафти иқтисодӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани вазъи занон, ҳифзи муҳити зист ба шумори мераванд. Бонк ҳамеша баҳри ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ, таҳкими иқтидори идоравии бахши давлатӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва расонидани кӯмак дар идора намудани захираҳои табиӣ саъю кӯшиш менамояд.
Бо мақсади рушди бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ БОР ба онҳо қарзҳои имтиёзнок медиҳад. Бештари кредитҳои Бонк барои татбиқи лоиҳаҳои махсуси бахши давлатӣ равона карда мешаванд. Дар баробари ин Бонк баҳри омода намудан ва доир намудани корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва барномаҳои машваратӣ маблағҳои муайянро барои кӯмакҳои техникӣ дареғ намедорад. Бонк, алалхусус, барои амалӣ шудани лоиҳа ва барномаҳое, ки ба рушди ҳамаҷонибаи давлатҳои рӯ ба инкишоф ва ҳамкории минтақавии байни онҳо равона карда шудааст, эътибори махсус медиҳад.
Фондҳои муқаррарии Бонк аз қисми пардохташудаи сармояи саҳомӣ, захираҳо, фондҳо, ки аз ҳисоби қарзҳо зиёд шудаанд, даромадҳои тақсимнашуда ва фондҳои махсусе, ки захираҳои гузоштаи ҳукуматҳои кишварҳои аъзоро дар бар мегирад ва маблағҳои кредитии баргардонидашуда иборат мебошанд. Сармояи БОР

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор