Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
вобаста ба самтҳои истифодаи худ ба фондҳои зеринро таъсис додааст:
Фонди Осиёии Рушд (28 июни соли 1974);
Фонди махсуси кӯмакҳои техникӣ (10 январи соли 1980);
Фонди махсуси Институти Бонки Осиёии Рушд (соли 1996);
Фонди махсуси Япония (марти соли 1998).
Кредитҳои фондҳои Бонк асосан бо шартҳои бидуни имтиёз ба кишварҳои аъзои Бонк, ки дорои сатҳи баланди рушди иқтисодӣ мебошанд, дода мешаванд. Сармояи Фонди Осиёии Рушд дар асоси Низомномаи ин хазина дар навбати худ барои додани қарзҳои имтиёзнок танҳо ба кишварҳои камбизоаттарини аъзои Бонк пешбинӣ карда шудаанд.
БОР аз бозори ҷаҳонии сармоя ва бонкҳои марказии баъзе кишварҳои аъзои Бонк маблағҳо қарз мегирад. Саҳомони калонтарин БОР Япония ва ШМА ба шумор мераванд, ки ба ҳар яке онҳо 16-фоизӣ аз сармояи умумӣ рост меояд.
Мақоми Олии Бонк Шӯрои Раисон мебошад, ки ҳар сол вохӯрӣ мегузаронад. Ба ҳайати Шӯрои Раисон аз ҳар як кишвари узви БОР якнафарӣ намоянда дохил аст. Шӯрои Директорҳо ҳар ду сол аз ҷониби Шӯрои Раисон интихоб карда мешавад. Шумораи Директорҳо (ҳар яке бо альтернатива) 12 нафарро ташкил медиҳад.
Шӯрои Раисон ҳуқуқ дорад Президенти Бонкро ба мӯҳлати 5 сол интихоб намояд ва метавонад аз нав интихоб гардад. Президент Шӯрои Директорҳоро сарварӣ мекунад ва таҳти сарварии ӯ фаъолияти Бонк сурат мегирад. Ба Президент се ноиб - президент кӯмак мерасонанд.
Дар Дастгоҳи марказии Бонк 23 идора фаъолият доранд, 14 воҳиди Бонк берун аз ҳудуди Филиппин ҷойгиранд. Охири соли 1998 дар Бонк 1966 ходим кор мекард. 10 намояндаи Бонк дар Дакка (Бангладеш), Пномпен (Камбоҷа), Ню Дели (Ҳиндустон), Ҷакарта (Индонезия), Алмаато (Қазоқистон), Катманду (Непал), Исломобод (Покистон), Коломбо (Шри-Ланка), Тошкент (Ӯзбекистон) ва Ханой (Ветнам) фаъолият доранд. Намояндагии ҷанубии минтақаи Уқёнуси Ором дар Порт Вилла (Вануату) ва се идораи намояндагӣ дар Токио.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор