Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ташаккули иқтисоди мазкур тамоили қонуниест, ки дар натиҷаи талаботи объективии ҳалли чунин проблемаҳои умдаи тараққиёти ҷамъиятию сиёсӣ аз ҷониби башарият, ба мисли таҳдиди фалокати ядроӣ, ҳифзи тандурустӣ, таҳқиқоти кайҳон ва проблемаи экологӣ ба миён омадааст. Ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин маврид танҳо бо роҳи вусъат бахшидани ҳамкории иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию техникии байни кишварҳо имконпазир аст. Барои давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол асоси ин тамоилро истиқлолияти рӯзафзун дар соҳаи иқтисодиёт ташкил медиҳад. Дар натиҷаи мунтазам амалӣ шудани истиқлолияти илмӣ ва иқтисодӣ бо роҳи татбиқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, иқтисодиёти давлатҳои мухталиф ба иқтисоди ягонаи ҷаҳонӣ муттаҳид мешавад.
Категорияҳои иқтисодие, ки тамоили мазкур ва равандҳои иҷтимоию иқтисодии марбут ба онҳоро ифода менамоянд, тақсимоти байналхалқии меҳнат, бозори ҷаҳонӣ ва тиҷорати байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.
Бояд таъкид кард, ки маҳз тақсимоти байналхалқии меҳнат асоси муттаҳидкунандаи бунёди низоми муосири иқтисоди ҷаҳонӣ ва мунтазам дар вақти гуногун ба он дохил шудани кишварҳои мухталиф мебошад.
Тавре аз китоби дарсии асосҳои иқтисоди бозорӣ маълум аст, тақсимоти меҳнат низоми таърихан муайянгардидаи меҳнати ҷамъиятиест, ки тафриқаи сифату миқдори ҷараёни истеҳсолотро ба мақсади бо камтарин хароҷот ноил шудан ба қонеъ гардондани талабот ба мол (кору хадамот) дар назар дорад. Хусусияти хоси тақсимоти меҳнат на танҳо аз тақсим кардани ҷараёни истеҳсолот дар шакли тахассус, балки аз муттаҳид сохтани он низ иборат аст. Ин махсусан дар миқёси байналхалқӣ зоҳир мешавад.
Дар таърихи таълимоти иқтисодӣ мафҳуми тақсимоти меҳнат аз нигоҳи илмӣ аз назарияи "хароҷоти қиёсии истеҳсолот" ё "афзалиятҳои томи қиёсӣ" ба миён омадааст.
Асоси ин назарияҳоро ақидаи мавҷуд будани фарқият дар шароити истеҳсолоти кишварҳои мухталиф ташкил мекунад. Шароити табиию иқлим, хароҷот барои истеҳсоли ин ё он мол (маҳсулнокии меҳнат) дар кишварҳои мухталиф ва муқоисаи онҳо дар ниҳояти кор боиси он мегардад, ки кишвар молҳои бозоргирро истеҳсол накарда, ба истеҳсоли он молҳое тахассус пайдо мекунад, ки хароҷоти камтарро талаб мекунад. Тибқи назарияи мазкур ҳар кишвар бояд ба истеҳсоли ҳамон мол (ё молҳое) тахассус пайдо кунад, ки ин кишвар афзалияти том ё нисбӣ дорад. Маҳз ҳамин молро (молҳоро) кишвари мазкур бояд содир намояд.
Адам Смит дар китоби худ "Таҳқиқоти табиат ва сабабҳои боигарии халқҳо" моҳияти ин назарияи классикиро исбот кардааст.
"... Дар Шотландия парвариши ангур дар гармхонаҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва аз ангури дар ин гармхонаҳо парваришёфта тайёр кардани майи хушсифат мумкин аст, ки нисбат ба чунин майи аз хориҷа воридшаванда камаш се баробар қиматтар хоҳад буд, вале агар ба ҷои аз хориҷа харидани ҳамин гуна моли мавриди ниёз ба ягон машғулият сарф кардани се баробар зиёдтар сармоя ва меҳнати саноатии мамлакат кори беҳуда бошад, ба чунин машғулият равона кардани аз си ё аз сесад як ҳиссаи бештари сармоя ё меҳнати саноатӣ, гарчанд он он қадар тоқатнопазир
набошад ҳам, айнан ҳамин гуна кори беҳуда мебошад...“

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё