Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
июни соли 1999 муайян карда шудааст. Дар тӯли соли 1999 маблағи муайяншудаи ин қарз пурра азхуд карда шуд. Тоҷикистон ду сол аст, ки мувофиқи ӯҳдадории қабулнамудаи худ пардохтҳои фоизиро дар мӯҳлатҳои муайяншуда мунтазам ба БОР интиқол медиҳад.
Қарзи дуюм аввали соли 1999 дар ҳаҷми 5 млн. доллари ШМА барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷудо карда шуда буд.
Мӯҳлати истифодаи қарзи номбурда 15 сол муайян шудааст. 8 соли он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи имтиёзнок ба шумор рафта, фоидаи БОР ҳамагӣ 1 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Мӯҳлати пардохти аввали фоизи муайяншуда 1 марти соли 1999 муайян шуда буд, аммо бо вуҷуди пурра азхуд нашудани ин маблағ мӯҳлати пардохт бо розигии тарафайни ба охири соли 2000 гузаронида шуд.
Охири соли 2000 дар натиҷаи вусъатгирии робитаҳои дуҷониба боз 6 лоиҳаи дигар оид ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти БОР тасдиқ карда шуданд, ки татбиқи онҳо аз аввали соли 2000 пешбинӣ шуда буд.
24 апрели соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э.Раҳмонов ҳайати намояндагони созмонҳои молиявию кредитии
байналмилалиро, ки дар ин давра дар Душанбе гирд омада буданд,
қабул намуд. Дар рафти вохӯрии роҳбари ҳайати ХБА, Бонки
умумиҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, ки дар лоиҳаҳои пешрафти
иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон донорҳои асосӣ ба шумор
мераванд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи
барномаҳо ва ҳамкориҳои муштараке, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
татбиқ мешаванд, изҳорот дод. Дар ин вохӯрӣ ба масъалаҳои вобаста
ба омода сохтани мулоқоти гурӯҳи машваратии давлатҳои донор, ки
моҳи майи соли 2001 бояд дар Токио баргузор мегашт, эътибори
махсус дода шуд. Дар ин бахш қайд карда шуд, ки имрӯзҳо тамоми
корҳо вобаста ба доир намудани вохӯрӣ ва машваратҳои лозима бо
аксарияти давлатҳои донор гузаронида шуданд. Намояндагони онҳо
ба вазъи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти бозсозиҳои иқтисодии ин
давлат баҳои баланд дода, аз вохӯрии гурӯҳи машваратии давлатҳои
донор дар Токио умедҳои калон доранд. Президенти Тоҷикистон
пешниҳоди "Барномаи кӯмаки Бонки Осиёии Рушдро барои солҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор