Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Франкфурт (Германия) барои Европа ва Вашингтон (ШМА) барои Америкаи Шимолӣ ҷойгиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 1998 расман узви Бонки Осиёии Рушд гардид. Идораи доимии БОР дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад.
Иштироки муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Рахимов Ш. дар маҷлиси солонаи БОР, ки 9-14 майи соли 1997 дар ш.
Фукокан Япония баргузор гардида буд, ба муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ин бонк асос гузошт. Мақсади асосии иштирок дар ин маҷлис дар баробари пайдо намудани иттилоот дар бораи ин бонк аз омӯхтани талабот ва муайян намудани усулҳои ба ин созмон дохил шудан иборат буд. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 5 рӯзи сафар бо кормандони масъули БОР намояндагони кишварҳои аъзо вохӯрда, масъалаҳои бароҳмонии муносибатҳои дутарафа ва роҳҳои иштирок дар фаъолияти бисёрсоҳаи ин созмон, усулҳои ҷалби сармоя, тарзи омода сохтани ҳуҷҷатҳои лозимаи лоиҳаҳоро дақиқ намуда, сӯҳбатҳои хосаеро вобаста ба дастгирии аъзогии Тоҷикистон дар ин Бонк доир намуданд.
Гап дар сари он аст, ки дар давоми 35 соли фаъолияташ Бонки Осиёии Рушд бо хизматҳои шоёнаш дар пешрафти як силсила давлатҳо кӯмак расонида, аз сатҳи ниҳоят пасти иқтисодӣ то ба гурӯҳи давлатҳои нави саноатии ҷаҳон дохил шудани Гонконг, Тайван, Таиланд, Сингапур, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра кӯмак расонидааст. Дар баробари ин сармояи зиёди озоди ин Бонк дар асоси қарори маҷлиси Шӯрои Раисон солҳои охир барои дастгирии иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба инкишоф ва тозаистиқлол равона мегардад.
Дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда соли 1999 қарзи аввалин дар
ҳаҷми 17,47 млн. доллари ШМА ҷудо карда шуд, ки барои пурра
кардани касри буҷет пешбинӣ гардида буд. Мувофиқи Созишномаи
имзошуда ин қарз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 40 сол бо як
фоизи солона ҷудо карда шуд. Давраи имтиёзноки он 10 соли аввал
муайян карда шудааст. Пардохти фоизи даромади Бонк ҳар сол аз 15

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор