Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд ёдовар шавем, ки дар миқёси ҷаҳон нишондиҳандаи ММД сол аз сол тамоили устувор ба афзоиш дорад. Тадқиқотҳои шӯъбаҳои СММ нишон медиҳанд, ки дар тӯли солҳои 1971-1998 ҳаҷми ММД 10 баробар афзуда, аз 2823,0 млрд. доллар то ба 28228,1 млрд. доллар расидааст.

Мувофиқи ҳисоботи СММ "Оид ба инкишофи инсон" дар соли 2000 ҳаҷми ММД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,3 млрд. доллари ШМА муайян карда шудааст, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 370 долларро ташкил медиҳад. Мувофиқи меъёрҳои дар ҷаҳон муайяншуда ин рақам нишондиҳандаи дараҷаи пасти зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин асос мувофиқи маълумотҳои расмии сохторҳои омории ҷаҳон 80%-и аҳолии Тоҷикистон ба гурӯҳи камбизоат, аз ҷумла 20%-и он ба гурӯҳи камбизоаттарин (музди миёнаи моҳонаи онҳо ҳамагӣ 1 доллари ШМА-ро ташкил менамояд) дохил карда мешавад.

Ин рақамҳо ҳар фарди солимфикри Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд ба он водор созад, ки дар пешрафти иқтисодиёти давлати худ, беҳбудии миллат ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии он ҳиссаи худро гузорад.

§17.2. Саноат

Саноати Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим ва асоси пешрафти иқтисодиёти миллии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар тӯли 73 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба азнавсозии иқтисодӣ, татбиқи бомуваффақияти бозсозиҳои иқтисодӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба фаъолияти пурсамари корхонаҳои истеҳсолии мамлакат вобаста кунонида шуда буд.

Бинобар ин аввалҳои соли 1990 дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ 53%-и маҳсулоти ҷамъиятӣ ва зиёда аз 30%-и даромади миллӣ истеҳсол карда мешуд. Бештари корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар се баст фаъолият намуда, ба мактаби бузурги тарбияи кадрҳо мубаддал гашта буданд. Он солҳо мувофиқи иттилооти оморӣ дар кулли корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 20%-и

пешина
аз 785
навбатӣ