Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
аҳолии қобили кор фаъолият менамуд. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар як сол зиёда аз 7%-ро ташкил мекард, ки ин қариб баробари нишондиҳандаи пешрафти солонаи давлатҳои нави тараққинамудаи ҷаҳон буд. Ин пешрафти корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бинобар яку якбора канда шудани робитаҳои истеҳсоливу хоҷагӣ ва ҳамгироии зиёда аз 50-солаи байни ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ тамоман қатъ гардид. Соли 1992 пастравии истеҳсолот 24,3%-ро ташкил намуд. Аз 77 номгӯи маҳсулоти асосии дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсолшаванда ҳамагӣ ҳаҷми 6 номгӯи он баробари сатҳи истеҳсоли соли 1991 буд. Дар тӯли танҳо як сол истеҳсоли ангиштсанг якбора 31%, нафт 43% кам шуд. Вазъият дар соҳаи саноати химия ва мошинсозӣ низ чунин буд. Аз кор мондани корхонаҳои ин ду соҳаи номбурда хусусияти оммавӣ гирифт. Соли 1993 бошад, пастравии ҳаҷми умумии истеҳсолот то 47% расид. Ин тамоил дар саноати сӯзишворӣ — 79,9%, химия — 54,4%, металлургияи ранга — 72,1%, мошинсозӣ ва саноати электротехникӣ — 6,4%-ро ташкил менамуд. Дар соли 1993 нисбат ба соли 1992 ҳаҷми истеҳсоли ангиштсанг — 42 ҳазор т (19,4%), соддаи каустикӣ — 109,4 т (63,4%), аммиак — 40 ҳазор т (57,6%), нуриҳои минералӣ — 33,2 ҳазор т (62,9%) кам шуд.
Соли 1994 бӯҳрони иқтисодии соҳаи саноат бештар авҷ гирифт. Истеҳсоли маҳсулот дар саноати сӯзишворӣ нисбат ба соли 1993 ҳамагӣ 58,6%, дар саноати мошинсозӣ ва электротехникӣ бошад, ҳамагӣ — 58,7%-ро ташкил менамуд. Аз ҷамъи соҳаҳои истеҳсолот дар ин сол пешравӣ танҳо дар соҳаи металлургияи ранга (зиёда аз 20%) ва саноати химия — 12,6% мушоҳида мешуд.
Соли 1995 бошад, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин ду соҳа — саноати химия — 104,8%, металлургияи ранга — 101,8%-ро ташкил дод. Аммо дар соҳаҳои дигар тамоили пастравии босуръати ҳаҷми истеҳсолот баръало мушоҳида карда мешуд.
Чунин тамоил соли 1996 низ идома ёфта, боиси афзоиши сафи бекорон гардид. Дар тӯли 3 соли аввали соҳибистиқлолӣ шумораи кормандони соҳаи саноат ба 22%, фоиданокии корхонаҳо ба 18%, ҳосилнокии меҳнат бошад, ба 24% паст фаромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор