Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

паовардан ба рақобати молҳои хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, зиёда аз 70%-и бозори дохилиро аз даст додаанд. таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷадвали №50
Сохтори соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991-2000 (фоиз)

Ҷадвал:
Номгӯи соҳа | 1991 | 1995 | 1997 | 1999 | 2000 Саноат - ҳамагӣ | 100 | 100 | 100 | 100 | 100 Саноати вазнин | 16,1 | 11,4 | 6,4 | 4,24 | 3,73 Сӯзишворию энергетикӣ | 4,4 | 20,0 | 11,5 | 8,9 | 7,4 Металлургия | 8,0 | 36,7 | 41,0 | 49,5 | 56,3 Саноати сабук | 49,2 | 18,0 | 16,9 | 13,2 | 15,5 Саноати хӯрокворӣ | 15,7 | 6,5 | 13,4 | 16,1 | 10,7 Орду ярма ва хӯроки омехта | 5,7 | 7,2 | 10,2 | 7,6 | 6,1 Соҳаҳои дигар | 0,9 | 0,2 | 0,6 | 0,5 | 0,3

Далелу рақамҳои ҷадвали №50 нишон медиҳанд, ки дар тӯли 10 соли охир сохтори истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулллан тағйир ёфтааст. Агар соли 1991 49.2%-и маҳсулоти корхонаҳои саноатиро молҳои саноати сабук ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2000 ҳамагӣ 11%-ро ташкил намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ эътибори хоса ба пешрафти соҳаҳои саноати вазнин ва комплекси сӯзишворию энергетикӣ медиҳад. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноати металлурӣ соли 1999 нисбат ба соли 1998 16,4% афзуд. Стратегияи тараққиёти ин соҳа аз истифодаи самараноки конҳои пешқашфшуда ва дар заминаи онҳо беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ бо мақсади кашфи конҳои нав иборат аст. Таҷрибаи даҳсолаи охир нишон дод, ки барои бозсозии истеҳсолот ва таъмини пешрафти устувори иқтисодиёт дар Тоҷикистон тамоми шароит муҳайёст ва яке аз омилҳои асосии солимгардонии иқтисодиёт истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мебошад. Дар баробари ин барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ дар асоси истифодаи усулҳои ғайристандартӣ яке аз шартҳои муҳими таъмини пешрафти иқтисодӣ ба шумор меравад.

пешина
аз 785
навбатӣ