Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

миёна 8-9%-ро ташкил намуд, бештар дар давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мушоҳида мешуд.

Дар байни давлатҳои дунё дар даҳсолаи охир Хитоӣ ба дараҷаи баланди афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ноил гаштааст. Ин нишондиҳанда агар соли 1978 - 362,4 млрд. юанро ташкил намуда бошад, соли 1985 - 896,4 млрд. юан, соли 1990 - 1854,8 млрд. юан, соли 1995 - 5847,8 млрд. юан ва соли 1998 - 7955,3 млрд. юанро ташкил намуд.

Дар аксарияти давлатҳои дунё истеҳсолоти саноатӣ бо вуҷуди афзоиши босуръати хизматрасонӣ дар сохтори ММД мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Дар оғози асри нав ҳам давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ абарқудрати ҷаҳон ШМА, Япония, Германия, Британияи Кабир, Франсия, Италия, Канада мебошанд. Солҳои охир давлатҳои нави саноатӣ - Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Сингапур, Ҳонконг, Малайзия бо вуҷуди буҳрони иқтидорӣ дар таъмини афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштаанд.

Бар хилофи пешравии саноатии давлатҳои номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 10 соли охир бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми ММД ва содироти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоили пастравии истеҳсоли қариб зиёда аз 90%-и номгӯи маҳсулот мушоҳида карда мешавад.

Бояд қайд намоем, ки дар баробари таназзули истеҳсолоти саноатӣ пастравии маҳсулнокии он баръало мушоҳида карда мешавад. Дар тӯли 10 соли охир пастравии суръати истеҳсолоти саноатӣ бештар дар соҳаҳои истихроҷи маъдан (113%), қувваи барқ (128,9%), металлургияи ранга (73,6%), саноати истихроҷи нафт (56%) мушоҳида карда мешуд.

Соли 1997 ҳамагӣ ба маблағи 401,1 млрд. рубл маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки он 33,4%-и сатҳи 1991-ро ташкил медод. Тамоили пастравӣ бештар дар соҳаҳои мошинсозӣ, химия, саноати масолеҳи сохтмонӣ ва саноати сабук ба мушоҳида мерасад. Дар баробари пастравии истеҳсолот ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сифати пасти молҳои истеҳсоли ватанӣ, ки бинобар тоб

пешина
аз 785
навбатӣ