Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
сард омадани боду ҳаво ва нарасидани сӯзишворӣ, қатъ гардидани таъминоти мунтазами қувваи барқ ва гази табиӣ дар фасли тирамоҳу зимистон аҳолӣ маҷбур шуд ба буридани дарахтон даст занад.
Ҳазорҳо дарахтони арча, писта, чанор, сафедор, дарахтони зиёди мева, ки бо меҳнати зиёди бобоёну падаронамон сабз карда шуданд, бераҳмона бурида шуданд. Аз ин ҷиҳат, мо бояд фавран ба истифодаи конҳои кушодаи ангиштсанги Фон-Яғноби ноҳияи Айнӣ, "Зиддӣ"-и ноҳияи Варзоб, "Назар-Айлок"-и ноҳияи Ғарм, "Миёнаду"-и Тавилдара, "Сайёд"-и ноҳияи Кофарниҳон шурӯъ намуда, бо мақсади пешгирии болоравии нарх, маҳсулоти онро барои таъмини аҳолӣ истифода барем. Аз усули истеҳсоли шахтавӣ ба усули кушоди карерӣ гузаштан, боиси яку якбора афзудани самаранокии фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли ангишт ва паст шудани арзиши аслии ангишт мегардад. Аз тарафи дигар, афзудани ҳаҷми истеҳсоли ангиштсанг ба кам шудани талабот ба қувваи барқ ва сарфаи он мусоидат менамояд.
Дар баробари қувваи барқ ва ангиштсанг дар пешрафти иқтисодиёт ва ҳаёти мардуми мо нафт ва гази табиӣ яке аз воситаҳои асосии зиндагӣ шуда мондааст. Мо дар ин бора дар боби захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо иттилооти фишурда дода будем. Истеҳсоли нафти хом ва гази табиӣ дар 17 кони амалкунандаи воқеъ дар қисмати шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистон идома дорад.
Таҳлили ҳаҷми истеҳсоли нафти хом дар тӯли 10 соли охир нишон медиҳад, ки дар ин бахш баъд аз соли 1991 ҳаҷми истеҳсоли он тамоил ба пастравӣ дорад. Агар соли 1991 истеҳсоли нафти хом бо конденсати газ 108 ҳазор тоннаро ташкил намуда бошад, пас аз соли 1992 сар карда ҳаҷми истеҳсоли он сол аз сол паст шуда, соли 2000 ҳамагӣ 18,4%-и соли 1991-ро ташкил намуд. Ҳаҷми зиёдтари он - 12,4 ҳазор тонна дар конҳои Муассисаи нафту гази Ленинобод ва 6,02 ҳазор тонна дар кони ЮНГДУ истеҳсол шудааст. Дар ин давра ҳаҷми гази табиӣ бошад, аз 93 млн. м мукааб дар соли 1991 то ба 40,0 млн. м мукааб дар соли 2000 паст фаромад. Аммо вазъи имрӯзаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит намедиҳад, ки иқтидори мавҷудаи нафту гази табиии Тоҷикистонро пурра истифода барем. Бо сабаби норасоии буҷет маблағҳои лозима ба Кумитаи давлатии нафту газӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор