Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили корҳои ҷустуҷӯию тадқиқотӣ ҷудо карда намешавад. Имрӯз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли нафт ва гази табииро танҳо бо роҳи кушодани конҳои нав ва барқарор намудани корҳо дар конҳои аз истифода бозмонда муваффақ шудан мумкин аст. Маблағ бошад, пеш аз ҳама, барои барқароркунӣ ва таҷдиди конҳо, харидани таҷҳизоти лозима, техникаи махсус, химреагентҳо, бароҳмонии базаи моддии техникии соҳа бояд истифода бурда шавад. Аммо бо вуҷуди танқисии молиявӣ кормандони Кумитаи нафту газ корҳои зиёди ҷустуҷӯию геологиро ба анҷом расонида, ҳаҷми истеҳсоли нафту газро зиёд намуда истодаанд. Дар соли 2000 дақиқ карда шуд, ки кони "Олимтои Шарқӣ" дорои захираи 3,9 млн. т нафт ва 1,25 млн. м мукааб гази табиӣ мебошад. Хароҷоти корҳои тадқиқотиро дар ҳаҷми 270 ҳазор доллари ШМА ширкати австриягӣ пардохт намуд. Кумитаи нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ширкати австриягӣ соли 2000 чор барномаи корҳои ҷустуҷӯию геологиро ҷиҳати муайян намудани захираҳои нафту гази кони Супетави Шимолӣ, Ялгизак, Саргазон ва Ренганро ба нақша гирифтааст. Аз аввалҳои соли 2001 тадқиқотҳои геологӣ дар ин самт ҷараён доранд.
Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини пешрафти саноати нафту газ иҷрои нақшаҳои зеринро вазифаҳои асосии худ қарор додааст:
• аз вобастагии нафту гази хориҷӣ баровардани иқтисодиёти Тоҷикистон;
• вусъат бахшидан ба корҳои ҷустуҷӯию геологӣ вобаста ба муайян намудани захираҳои нави нафту газ;
• ба охир расонидани сохтмон ва ба истифода додани кони конденсати гази Хоҷасартез, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ҳаҷми истеҳсоли гази табииро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба 90 млн. метри мукааб мерасонад;
• ба охир расидани сохтмони корхонаи истеҳсоли гази моеъ, ки иқтидори он 3000 тонна дар як сол аст.
• дар ҳудуди корхонаи нафту битуми ноҳияи Колхозобод бо мақсади ҳосил намудани нафт ва битум оғоз намудани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор