Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муфид аст. Муҳим он аст, ки иншоотҳои гидроэнергетикӣ дар баробари манбаи асосии қувваи барқ буданашон обанборҳои онҳо барои захира намудани об ва дар соатҳои лозима бо об таъмин намудани заминҳо истифода бурда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки истеҳсоли қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзонтарин дар ҷаҳон ба шумор рафта, ба Тоҷикистон шароит медиҳад, ки даҳсолаҳои наздик қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсоя – Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, ки чунин шароит надоранд, фурӯшад.

Бинобар ин имрӯзҳо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат бояд пеш аз ҳама, барои аз вобастагии энергетикӣ баровардани иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини фаъолияти самараноки иншоотҳои барқӣ равона карда шавад. Барои амалӣ шудани ин мақсад ба охир расонидани сохтмони сарбандҳои иншоотҳои барқии Роғуну Сангтӯда ва фавран ба истифода додани ду агрегати нерӯгоҳи барқии Роғун лозим аст.

Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ бо мақсади бо барқ таъмин намудани аҳолии минтақаи кӯҳии кишвар ба сохтмони як силсила иншоотҳои барқии хурд шурӯъ намуд. Солҳои 1999-2000 иншооти барқии хурди "Андарбоғ" (300 кВТ) дар ноҳияи Ванҷ, "Артуч" (500 кВТ), "Ворух-2" (500 кВТ), "Зиддӣ-2" (250 кВТ) ба истифода дода шуд. Сохтмони иншооти барқии хурди "Путак" (500 кВТ) дар ноҳияи Гарм ва "Кӯҳистон" (500 кВТ) дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки даҳсолаҳои охир бо вуҷуди пешрафти соҳаи энергетикаи тоҷик он дар маҷмӯи иқтидори мавҷудаи захираҳои энергетикии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 0,8%-ро ташкил менамояд.

Саноати истихроҷи маъдан ва металлургӣ. Бӯҳрони иқтисодӣ саноати истихроҷи маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ фаро гирифт. Ҳиссаи флюорит дар таркиби маъдани коркардашавандаи Комбинати маъдантозакунии Такоб аз 44%-и дар соли 1995 бадастомада то ба 14% дар соли 2000 паст фаромад. Дар баробари ин болоравии тарифҳои роҳи оҳан барои коркард ба корхонаҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя фиристондани маъданро номумкин

пешина
аз 785
навбатӣ