Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гардонд. Фаъолияти Комбинати маъдантозакунии Анзоб бошад, пурра ба Комбинати сурма ва симоби Қадамҷои Ҷумҳурии Қирғизистон вобаста шуда монд. Корхонаи номбурда дар Осиёи Миёна ягона корхонаи коркарди маъдани сурма ва симоб ба шумори меравад. Аз ин истифода бурда ин корхона доимо арзиши маҳсулоти гирифтаашро сари вақт пардохт накарда, вазъи молиявии Комбинати маъдантозакуниро хеле душвор менамояд. Чунин вазъият боиси солҳои охир афзудани ҳаҷми захираи маҳсулоти ин корхона гардидааст. То январи соли 2001 захираи танҳо Комбинати маъдантозакунии Анзоб зиёда аз 5 млн. сомониро ташкил намуд. Бинобар ин аз оғози асри нав дар асоси сиёсати пешгирифтаи ҳукумат фаъолияти Комбинати маъдантозакунии Анзобро барои истеҳсоли сурмаи металлӣ равона намуда, чораҷӯиҳои фавриро барои ба охир расонидани сохтмони корхонаи истеҳсоли симоб ва сехи коркарди консентрати сурма дар АООТ "Тамохуш"-и Исфара ба охир расонидан ба нафъи ҷумҳурӣ буда, корхонаро аз вобастагии саноати давлатии дигар озод менамуд.

Дар баробари Комбинати маъдантозакунии Анзоб дар номгӯи корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосаеро Комбинати маъдантозакунии Адрасмон ишғол менамояд. Муваффақиятҳои ин корхона солҳои пеш боиси ифтихори миллати тоҷик гардида буданд.

Дар ҳудуди Тоҷикистони марказӣ дар заминаи кони Чичикруд имрӯзҳо Комбинати маъдантозакунии Анзоб фаъолият менамояд. Захираҳои маводи аввалии ин корхона вобаста ба иқтидори Комбинати маъдантозакунии Анзоб аз рӯи ҳисоби олимони тоҷик бояд боз ба шаш соли дигар мерасад. Бинобар ин аз соли 1991 инҷониб корҳои ҷустуҷӯӣ ва баҳодиҳии ҳудуди кони Чичикруд идома дорад. Таҳлилҳои солҳои охир нишон доданд, ки захираи маъдани сурма ва симоби "Скальное" дар ояндаи наздик манбаи асосии Комбинати маъдантозакунии Анзоб ва ё корхонаи нав мегардад.

Бо назардошти захираҳои мавҷудаи кони «Скальное» имрӯзҳо аниқ шудааст, ки дар Тоҷикистон 50%-и захираи сурмаи ИДМ ҷойгир буда, бо равнақу ривоҷ додани ин соҳа ҷумҳурӣ дар миқёси

пешина
аз 785
навбатӣ