Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• дараҷаи баланди фарсудашавии маънавӣ ва ҷисмонии
дастгоҳҳо ва таҷҳизоти техникӣ;

• нарасидани маблағ барои харидани химреагентҳо;

• нарасидани мутахассисони баландихтисос медиҳанд.

Аммо дар асл сабаб дигар аст. Мо то имрӯз ҳисси миллии халқамонро бедор карда натавонистаем. Миллати тоҷик масъулияти ба дӯшаш бударо пурра ҳис накардааст, ки акнун тамоми сарватҳои Тоҷикистон - кӯҳҳо, дарёҳо, замин, сарватҳои зеризаминии фабриқаю заводҳо, ҷангал ҳама аз миллати тоҷик аст. Маҳсули меҳнати мо аз ин баъд пурра ба нафъи миллатамон равона карда мешавад ва аз ин нуқтаи назар мо бояд қудрати дучанд барои ободию шукуфоии диёрамон меҳнат намуда, ватанамонро боз ҳам ғанитар гардонем.
Роҳбарияти аксарияти корхонаҳо моҳияти корро дарк намуда бошанд ҳам, самти фаъолияти амалии худро то имрӯз дигар накардаанд. Дар баробари ин онҳо аз таҷрибаи бои системаи ҳавасмандкунии коргарон пурра даст кашида, дар шароити вазнини молиявии имрӯзаи Тоҷикистон тамоили ба дастгоҳҳои нав иваз намудани таҷҳизотҳоеро, ки даҳсолаҳои дигар бояд кор кунанд, пеш гирифтаанд. Гарчанде бо истифодаи олотҳои техникие, ки дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон мавҷуданд, солҳои шӯравӣ миллионҳо тонна маъдан истеҳсол карда мешуд. Ин аст асоси пастравии истеҳсолот. Дар Туркияю Эрон, Ҳиндустону Покистон, ки саноаташон тараққикарда ба ҳисоб меравад, таҷҳизоти техникии чандин даҳсолаҳо инҷониб истифодашавандаро ҳанӯз ҳам самаранок истифода менамоянд ва бо чунин дастгоҳҳои кӯҳна (қадима) беҳтарин мол, асбобҳои рӯзгор, қисмҳои дастгоҳҳои нав тавлид мекунанд. Мо бошем, дастгоҳу таҷҳизоти техникии ҳамагӣ 10-15 сол дар истифодашударо кӯҳна ҳисобида, бештари онҳоро ба оҳанпора табдил додем.

Аз ин ҷиҳат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнат дар саноат ниҳоят паст аст ва аз рӯи нишондиҳандаи арзиши изофаи дар корхонаҳои саноатӣ ба сари ҳар як коргар дар миқёси ҷаҳон ҷойҳои охиринро ишғол менамояд.

пешина
аз 785
навбатӣ