Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ҷаҳон ба яке аз монополистони истеҳсол ва коркарди маъдани сурма табдил меёбад.
Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳаҷми захираи дақиқшудаи маъдани сурма дар ҷаҳон баъд аз Хитой, Таиланд, Боливия ва ҶАҶ ҷои 5-умро ишғол мекунад.
Дар заминаи захираҳои азим калонтарин корхонаи истеҳсоли концентрати сурмаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон бунёд гардида буд. Концентрати симоб ва сурмаи Комбинати маъдантозакунии Анзоб (ғайр аз омехтаи тилло) ба Комбинати Ҳайдаркони Ҷумҳурии Қирғизистон фиристода мешуд.
Бинобар ин дар заминаи маъдани Чичикруд - Канҷоч фавран ба бунёди корхонаи металлургии истеҳсоли сурма, симоб ва дигар элементҳои дар таркиби он мавҷуда шурӯъ намудан лозим аст.
Амалӣ шудани ин иқдом ҳазорҳо нафарро соҳиби кор намуда, ба бунёди як силсила корхонаҳои нав, ки дар асоси истифодаи сурма фаъолият менамоянд, имконият медиҳад.
Сурма дар саноати мошинсозӣ, сохтмон ба сифати истеҳсоли ивазкунандаи маводи сӯзанда рӯйпӯши кабел, мебел ва маҳсулоти қолинбофӣ, истеҳсоли аккумулятор, саноати электронӣ васеъ истифода мегардад.
Аммо ҳаҷми истеҳсоли концентрати сурбу нуқра сол аз сол кам шуда истодааст. Масалан, соли 1999 458 тонна истеҳсол карда шуда буд, ки он ҳамагӣ 21,7%-и ҳаҷми истеҳсоли соли 1988-ро ташкил менамояд. Ҳаҷми истеҳсоли молӣ бошад, 169,7 млн. рублро ташкил намуда буд ва дар як сол 80% паст фаромад. Албатта, чунин вазъият саволеро ба миён меорад, ки чаро дар вақте ки мо истиқлолият ба даст овардем ва тамоми молу мулк ба мардуми тоҷик ва шаҳрвандонамон тааллуқ дорад, истеҳсолот ба ҷои афзоиш ва пешрафт фақат рӯ ба пастӣ ниҳодаст. Мутахассисони иқтисоддонони ин соҳа сабабҳои асосии номӯътадил фаъолият намудани корхонаро пеш аз ҳама дар:
• пастравии нархи металлҳои қиматбаҳо (тилло ва нуқра) дар Биржаи металлҳои Лондон;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор