Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
пахта ва истеҳсоли газвор "Кабоол Текстайл", бо Италия корхонаи муштараки "Ҷавонӣ" бунёд гардиданд. Соли 1999 бошад, боз ду корхонаи муштарак ба қайд гирифта шуд. Имрӯзҳо дар заминаи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Абрешим" корхонаи муштараки "Карера" (Италия) ва корхонаи муштараки "Сатн" таъсис гардида, корҳои зиёди азнавсозии иқтидори истеҳсолии корхона бо мақсади бунёди ду фабрикаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 6000 тонна нахи пахта идома дорад. Бо ба кор даровардани ин корхонаҳо барои пурра истифода шудани калобаҳои пахтагини истеҳсолшуда дар корхонаҳои либосдӯзӣ ва трикотажии бунёдшаванда ба маблағи 14 млн. доллари ШМА маҳсулот истеҳсол карда мешаванд. Ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҳосили нави пахтаи соли 2001 моҳи ноябр аввалин маҳсулоти корхона ба фурӯш бароварда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки ба ифтихори 60 солагии вилояти Суғд дар ҳудуди корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Абрешим" сехи дӯзандагӣ барои 500 ҷои кор бо таҷҳизоти аз Италия воридшуда ба истифода дода шуд. Дар ин сех коркарди нахи пахта ва истеҳсоли моли тайёр ба роҳ монда шудааст.
Аз ҳисоби ҳарчи бештар дар ҳудуди ҷумҳурӣ коркард шудани пахта ҳаҷми содироти нахи он кам шуда истодааст. Масалан, агар соли 1996 корхонаи муштараки "Кабоол Текстайл" ва "Ҷавонӣ" 4678 тонна нахи пахтаи истеҳсолнамудаи худро содир намуда бошанд, пас аз соли 1999 сар карда, аз нахи истеҳсолшуда матои пахтагин ва молҳои дӯхта тавлид карда мешаванд. Моҳи ноябри соли 1999 бошад, мутахассисони италиявӣ дар корхонаи муштараки "Ҷавонӣ" хати ҳозиразамони рангкунандаи молҳои тайёрро бо иқтидори 4 млн. шим дар як сол ба истифода доданд. То ин давра бо сабаби набудани ин қисмати корхона маҳсулоти нимтайёр ба Италия барои рангуборкунӣ фиристода мешуд, ки бевосита ин амал ба даромаднокии корхона таъсири манфӣ мерасонд. Имрӯз бошад, ин корхонаи муштарак дар асоси вазифаҳои аз рӯзи аввал ба уҳда гирифта фаъолияти худро дар даври пурра - аз коркарди пахта то истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба роҳ мондааст, ки ин пеш аз ҳама ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар корхонаи "Кабоол Текстайл"

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор