Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

имрӯзҳо корҳои зиёде вобаста ба азнавсозии техникии истеҳсолот бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли матои "Спандекс", ки дар бозори ҷаҳонӣ хеле машҳур аст, анҷом дода мешаванд. Дар Ҷамъияти саҳомии "Қолинҳо" бошад, бо мақсади коркарди пашм дар ҷумҳурӣ ва аз вобастагии дигар ҷумҳуриҳо баровардани корхона соли 1998 фабрикаи дорои иқтидори солонаи коркарди 6000 тонна пашмро ба истифода дод. Имрӯзҳо дар ин фабрика зиёда аз 300 коргар фаъолият намуда, ба истеҳсоли нахи пашмин шурӯъ намуданд. Соли 1999 бо қувваи мутахассисони худи комбинати қолинбофӣ дар заминаи дастгоҳҳои ширкати "Фляйснер" ва "Шултхайс"-и Германия хати рангу бор аз нав ҷиҳозонида шуд. Бояд қайд намоем, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила филиалҳои корхонаҳои азими ш.Хуҷанд дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон бо мақсади бо кор таъмин намудани аҳолӣ оғоз гардид:

дар шаҳри Кӯлоб бо насби 6 хати немисии "Текстима" корхонаи қолинбофии "Қолинҳои Кӯлоб" (360 коргар) фаъолият менамояд;

дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе бо истифодаи қисми дастгоҳҳои корхонаи абрешими шаҳри Душанбе фабрикаи нахи абрешим ба истифода дода шуд, ки дар мавсим ҳар кадом то 120 тонна пилларо бо қувваи 300 нафар (2х150) коргар ба нах табдил дода истодаанд;

бо истифодаи иншоотҳои мавҷуда соли 1999 дар асоси пахтаи баландсифати маҳаллӣ Ҷамъияти саҳомии "Текстил"-и ш. Душанбе корхонаи докаи тиббӣ ва бинт бо иқтидори 19 млн. м. мураббаъ, ки дар он 150 нафар коргар фаъолият менамоянд, ба кор шурӯъ кард;

бо истифодаи дастгоҳ ва таҷрибаи мутахассисони корхонаи "Кӯҳандиз"-и вилояти Суғд дар ноҳияи Данғара хати тавлиди пойафзоли бачагона ва пойафзоли резинӣ ба истифода дода шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ташкили истеҳсолоти корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли 2000 ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашт. Аз 19 гурӯҳи калони номгӯи молҳо дар 9-тои онҳо нақшаҳои

пешина
аз 785
навбатӣ