Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар давоми солҳои 1993-1996 дар масъалаи пешгирии гуруснагӣ дар ҷумҳурӣ саҳми давлатҳои ШМА, Германия, Эрон, Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле калон аст. ШМА дар асоси се барномаи худ дар ҳаҷми 30 ҳазор тоннагӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 ҳазор тонна ғалла фиристод. Иттиҳоди Европа бошад, дар баробари дигар кӯмакҳои башардӯстона соли 1993 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 ҳазор тонна орди навъи олӣ ҷудо намуд.

Моҳи апрели соли 1994 дар ҷараёни сафари худ ба Белгия муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев бо роҳбарияти Иттиҳоди Европа якчанд вохӯриҳои муҳим доир намуда, масъалаи бори дуюм ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани 50 ҳазор тонна орди навъи олии кӯмакиро ҳал намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо бо роҳбарияти Иттиҳоди Европа ва ҳукуматҳои Германия, Хитой, Эрон ва Ӯзбекистон барои кӯмакҳои башардӯстонаашон миннатдории худро баён намудааст.

Бояд қайд намуд, ки танҳо баъд аз чораҷӯиҳои бевоситаи худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ҳаҷми истеҳсоли солонаи ғалладона афзуд. 9 октябри соли 1995 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷудо кардани 50 ҳазор га замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон" ба имзо расид, ки дар асоси он ба аҳолӣ аз заминҳои обёришаванда то 0,15 га ва аз заминҳои лалмӣ то 0,5 га қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасон ҷудо карда шуд. Тирамоҳи ҳамон сол аҳолии деҳот ғаллаи тирамоҳии худро кишт намуд. Деҳқонон аз ин фармони раиси ҷумҳур рӯҳбаланд шуда, дар заминҳои худ шабу рӯз меҳнат мекарданд.

Тобистони соли 1996 ҳосилнокии ғалладона нисбат ба соли 1995 2,2 маротиба афзуда, 548,2 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки ин комёбии бузурги соҳаи кишоварзӣ ба шумор мерафт. Соли 1997 ин иқдом такрор дода шуд. Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 25 ҳазор га замин барои бунёди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ҷудо карда шуд. Дар натиҷа зиёда аз 35 ҳазор шаҳрванд соҳиби кор шуд. Меҳнати суботкоронаи онҳо дар баробари баланд шудани ҳосилнокӣ даромади онҳоро зиёд намуда, як силсила

пешина
аз 785
навбатӣ