Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намудани аҳолӣ ва истеҳсолоти худ бо маводи хӯрока ва ашёи хом, қисми зиёди онро ба бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш мебароранд.

Вусъатгирии сиёсати худтаъминкунӣ, ки он дар иқтисодиёти ҷаҳон чун «Инқилоби сабз» машҳур аст, ба бисёр давлатҳои рӯ ба инкишоф муяссар гардид, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани дурусти соҳаи кишоварзӣ аҳолии худро бо маводи хӯрока таъмин намояд. Аммо он солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ буданаш дар фикри андешидани чунин тадбирҳо набуд.

Масъалаи таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озуқа аз марказ ҳаллу фасл мегардид. Танқисии маводи хӯрока умуман ҳис карда намешуд. Иттиҳоди Шӯравӣ аҳолии ин кишварро бо ғаллаи истеҳсолнамудаи худ пура таъмин карда наметавонист. Сеяки хӯрокворӣ бо мақсади пура таъмин намудани аҳолӣ аз кишварҳои хориҷ ба ивази нафти хом, газ ва дар баъзе ҳолатҳои фавқулодда бо тилло харида мешуд.

Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ нишондиҳандаи худтаъминкунӣ бо ғалла дар сатҳи 66,6%, яъне аз се ду ҳисса қабул шудааст.

Соли аввали ба даст даровардани соҳибистиқлолӣ дар баробари истеҳсоли 827 ҳазор тонна пахта ҳамагӣ 286 ҳазор тонна ғаллададона истеҳсол карда мешуд.

Солҳои 1991-92 дар баробари тезу тунд шудани вазъи сиёсии мамлакат норасоии ғалла сахт эҳсос карда мешуд. Бо мақсади пешгирии ин ҳолат аввалин созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 55 млн. ЭКЮ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба ивази он аз давлатҳои Аврупо ба Тоҷикистон 360 ҳазор тонна ғаллададона, ба маблағи 5 млн. доллари ШМА доруворӣ, ба маблағи 5 млн. доллари ШМА шакар ворид карда шуд.

Бо вуҷуди чораҷӯиҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 - 257,7 ҳазор тонна, соли 1993 273 ҳазор тонна, соли 1994 229 ҳазор тонна ва соли 1995 - 240,2 ҳазор тонна ғалла истеҳсол карда шуду халос. Қисми норасоии ғалла, ки мувофиқи ратсиони (вояи) хӯрок он солҳо зиёда аз 800 ҳазор тоннаро ташкил мекард, аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба ивази асъори хориҷӣ ворид карда мешуд.

пешина
аз 785
навбатӣ