Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
соҳаи кишоварзӣ ба 1330 хоҷагии деҳқонӣ табдил дода шуданд, ки онҳо имрӯз дар ихтиёри худ 684,3 ҳазор га замин доранд.
Аммо бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди корҳои зиёд, ислоҳоти иқтисодӣ, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро низ бӯҳрони иқтисодӣ фаро гирифта буд.
Дар тӯли 10 соли охир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ 34% кам шуд. Ҳаҷми истеҳсоли пахта соли 2000 нисбат ба соли 1991 491,6 ҳазор т, сабзавот 273,6 ҳазор т, зироатҳои полизӣ 79,7 ҳазор т, мева 66,6 ҳазор т, пилла 2564 т, чорвои калони шохдор (бо вазни зинда) 129,7 ҳазор т, шир 277,4 ҳазор т, тухм 430,9 млн. дона. пашм 2373 т кам шуд.
Иқтисодчиён гувоҳӣ медиҳанд, ки саршумори чорво ҳатто дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ то ин андоза кам нашуда буд. Тоҷикистон дар солҳои шӯравӣ аз ҷиҳати сатҳи истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар ҷаҳон ҷои 6-7-умро ишғол намуда бошад, пас имрӯз мувофиқи ҳисобҳои созмонҳои байналмилалӣ ба ҷои 110-ум паст фаромадааст.
Дар тӯли 10 соли охир бо вуҷуди вазъи мураккаби сиёсии мамлакат роҳбарияти ҳукумат ба истеҳсоли пахта эътибори зиёд медод. Пахта дар баробари яке манбаъҳои асосии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани асъори хориҷӣ буданаш, инчунин зиёда аз 80 соҳаи истеҳсолоти мамлакатро бо кор таъмин менамояд.
Тоҷикистон, агар аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта (178 ҳазор т) дар байни 14 давлати ҷаҳон, баъд аз Хитой (зиёда аз 4,5 млн. т), ШМА (3,8 млн. т), Ҳиндустон (2,3 млн. т), Покистон (1,5 млн. т), Ӯзбекистон (қариб 1,4 млн. т), Бразилия (661 ҳазор т), Туркия (604 ҳазор т), Миср (435 ҳазор т), Туркманистон (437 ҳазор т), Аргентина (250 ҳазор т) дар ҷои 11-ум бошад, пас аз ҷиҳати сифат ва ҳосилнокӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамояд. Пахтаи навъи мисрӣ ва маҳиннахи истеҳсоли Тоҷикистон дар биржаи пахтаи Ливерпул бинобар сифати баланд доштанаш харидори зиёд дорад.
Аммо истеҳсоли он дар тӯли солҳои охир нисбат ба соли 1991 хеле паст фаромад. Соли 1999 бо вуҷуди тадбирҳои зиёд дар 240 ҳазор гектар замини пахта ҳамагӣ 320000 тонна пахта истеҳсол карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор