Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
шуд. Дар баробари 17% кам шудани заминҳои кишти пахта истеҳсоли пахта 62% кам шуд. Номусоид омадани боду ҳаво, нарасидани нуриҳои минералӣ ва органикӣ, сӯзишворӣ, доруҳои заҳрддор ва қисмҳои эҳтиётии воситаҳои техникӣ таъсири манфии худро ба ҳосилнокии пахта дар соли 2000 низ расонданд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли пахта дар соли 2000 335,4 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 1999 - 105,9%, вале нисбат ба соли 1991 ҳамагӣ 40,6%-ро ташкил медиҳад.
Сабаби асосии чунин пастравӣ пеш аз ҳама дар сатҳи давлатӣ ҳалли худро наёфтани проблемаи бо ғалла таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Танқисии маводи хӯрока ва нархҳои баланди ғалла ва орди ба ҷумҳурӣ воридшаванда хоҷагиҳоро маҷбур месозад, ки дар қисми бештари замини худ ғаллаи тирамоҳӣ коранд. Бинобар ин сол то сол майдони умумии заминҳои барои кишти пахта омодашуда кам мегардад.
Мо бояд дарк кунем, ки дар 7% ҳамвориҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 720 ҳазор га замини обии киштшаванда дорем, ки он ба ҳар сари аҳолии мо 0,12 га рост меояд.
73,5% ва ё 4 504 ҳазор нафар аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, ки 47,9%-и он қобили кор аст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 65%-и аҳолии қобили кор дар соҳаи кишоварзӣ бо кор таъмин карда шудааст. Аммо бояд қайд намуд, ки музди меҳнати начандон баланд боз онҳоро маҷбур месозад, ки вақти зиёди худро дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва парвариши чорво сарф намоянд.
Барои ислоҳ намудани ин вазъият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа эътибори ҷиддӣ дода, барномаҳои махсусеро, ки мардуми меҳнаткаши деҳотро дастгирӣ ва ҳавасманд менамоянд, ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудааст.
Бояд қайд намуд, ки дараҷаи пасти ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон боиси ташвиш аст. Дар баробари ҳосилнокии паст талафоти сабзавот, мева, зироатҳои полизӣ, ғалла, картошка аз лаҳзаи ғунучин, кашондан, нигоҳдорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор