Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

коркард то истеъмол ба самаранокии соҳаи кишоварзӣ зарари беҳад калон меоварад.

Таҷрибаи солҳои пеш нишон дода буд, ки аз лаҳзаи истеҳсол то истеъмол 60%-и картошка, 40%-и ғалла, 15%-и шир, 10%-и гӯшт талаф меёбад. Талафоти соҳаи кишоварзии мо нисбат ба талафоти шабеҳи давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон 10-20 маротиба зиёд аст.

Сарфи назар аз таҷрибаи бои дар тӯли 10 соли соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андӯхта, барои пешгирӣ намудани ин ҷараён ягон тадбир андешида нашудааст. Мева ва маҳсулоти кишоварзӣ бо усули кӯҳна ба бозор бароварда мешавад, ки он боиси паст шудани сифати он мегардад.

Аз дидани маҳсулоти фаровони кишоварзӣ, меваҳои шаҳдбор, сабзавоту зироатҳои полизӣ, хушкмева, чормағз, бодому писта, мағзу мавиз, асалу шарбат ва ғайра дар бозорҳои ҷумҳурӣ каси ба Тоҷикистон омада ба хулосае меояд, ки кишвари мо басо неъматсоту будааст. Вале мардуми маҳаллӣ аз ин имкониятҳои фаровон барои ба бозори хориҷи ҷумҳурӣ ба миқдори зиёд баровардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва шифобахш истифода намебаранд.
Африкоиҳо, ки то имрӯз дар сатҳи ҷамъияти феодалӣ зиндагӣ доштанд, бозорҳои ҷаҳонро бо банану афлесун, шарбати "Манго" пур карда, аз нисф зиёди буҷети кишварҳои худро аз ҳисоби фурӯши онҳо ғанӣ мегардонанд. Давлатҳои араб бошанд, дар баробари нафти хом аз ягона меваи худ — хурмо низ даромади зиёде мегиранд.

Таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афзун намудани парвариш, истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ шурӯъ карда, асосан ба бастабандии ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонии маҳсулоти бозоргир таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан лозим аст.

Имрӯз мо аллакай дар ин бахш каме таҷриба ҳосил намудаем.
Меваю сабзавоти кишвари мо бо истифодаи дастгоҳҳои ҳозиразамон дар корхонаҳои вилояти Суғд коркард шуда, дар намуди ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ вориди бозорҳои дохилӣ ва ИДМ мегардад. Дар Тоҷикистон дар солҳои охир истеҳсоли об ва нӯшокиҳои хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳатто соли 2000 дар озмуни байналмилалии маводи

пешина
аз 785
навбатӣ