Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

17.4.2. Нақлиёти автомобилӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи географӣ нақлиёти автомобилӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳиме мебозад. Бо назардошти он, ки 93 фоизи ҳудуди кишвар кӯҳсор аст, аҳамияти нақлиёти автомобилӣ дар оянда низ бо сабабҳои ба фосилаҳои наздик босуръат бурда расонидани ҳаҷми начандон калони бор бештар меафзояд. Солҳои охир бо вуҷуди тадбирҳои зиёди роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои дар ҳудуди давлати шӯравӣ будан ва 10 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харҷи бештар дар корҳои боркашӣ истифода бурдани роҳи оҳан, нақлиёти автомобилгард мавқеи аввалии худро аз даст надод. Ҳамаи борҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, қисмати кӯҳсори ноҳияи Варзоб, Ғарм, Норак, 50%-и ноҳияи Хатлон то имрӯз тавассути нақлиёти автомобилӣ кашонда мешаванд. Аммо бояд қайд намуд, ки дар тӯли 5 соли охир бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодии 1992-97 суръати афзоиши ҳаҷми боркашонии автомобилӣ мушоҳида карда намешавад.

Мувофиқи далелу рақамҳои дар боло овардашуда ҳаҷми боркашонии автомобилӣ соли 2000 ҳамагӣ 2234.7 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 1995 (6285 ҳазор тонна) 2.8 маротиба кам шудааст. Бар хилофи паст фаромадани ҳаҷми боркашонӣ дар ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоили сол аз сол бештар ба истифода додани роҳҳои автомобилгард мушоҳида карда мешавад. Дар тӯли 5 соли охир 562 км роҳи автомобилгард ба истифода дода шудааст. Соли 1999 дарозии умумии он 29900 километрро ташкил дод, ки 12684 км он имрӯз мумфарш карда шудааст.

Имрӯзҳо роҳҳои автомобигарди Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Қӯрғонтеппа-Шаҳритуз-Панҷ, Қӯрғонтеппа-Данғара-Москва-Кӯлоб, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Кофарниҳон-Файзобод-Обигарм, Душанбе-Норак-Данғара, Душанбе-Варзоб, Хуҷанд-Конибодом-Исфара, Хуҷанд-Нов-Пролетар-Истаравшан, Хуҷанд-Мастчоҳ, Хуҷанд-сарҳади ҷанубу ғарбии Ӯзбекистон бо вуҷуди

пешина
аз 785
навбатӣ